Сомонаи пешина | Шб, 20 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир гардид

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2017 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода оид ба дастовардҳо ва мушкилоти муассиса дар соли 2017 ва нақшаи чорабиниҳо дар соли 2018 ба рӯзноманигорон маълумот дода, ба пурсишҳои онҳо посух гуфт.

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки чор сол қабл ба фаъолият шуруъ карда буд, соли 2017 ба аввалин хатмкунандагон диплом супорид. Моҳи сентябри соли 2017 дар донишкада бори нахуст фаъолияти магистратура бо назардошти иҷозатнома ба роҳ монда шуд.

«37 нафар баъд аз хатми зинаи бакалавриат аз рӯйи 6 ихтисос мақоми магистрантҳоро соҳиб гардиданд, ки 30 нафари онҳо хатмкунандаи донишкадаи худамон мебошанд» - зикр намуд ректори донишкада. Номбурда инчунин изҳор дошт, ки соли 2017 меҳнати ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишкада аз ҷониби ҳукумату вазоратҳо ба таври шоиста қадрдонӣ карда шуд. Ду нафар омӯзгорон – Субҳон Усмонов ва Носирбек Нарзибеков бо медали “Хизмати шоиста”, панҷ нафар (Сотникова М.И, Юлдашева Т. М., Рақибов М., Исупова Р., Забиров Б.) ба унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Омӯзгор Ҳабиб Абдуллоев дар озмуни“Муаллими сол”, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ғолиб омада соҳиби ҷоиза гардид. Омӯзгори фанҳои тахассусӣ Беҳзод Боймуродов дар байни рассомони ҷавон «Рассоми сол» эълон шуда, аз ҷониби кумитаи номбурда соҳиби ҷоиза гардид.

Дастоварди донишҷӯён низ дар соли сипаригардида назаррас буд. Донишҷӯдухтари курси 3-юми ихтисоси “Дизайни либос” Дилноза Каримова аз ҷониби Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода бо ҷоизаи “Донишҷӯи беҳтарин” қадрдонӣ карда шуд. Донишҷӯи курси 5-уми факултети санъати тасвирӣ Наврӯз Саидов дар озмуни санъати сухан, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида шуд, сазовори ҷои аввал шуд.