Сомонаи пешина | Яш, 18 Феврал 2018 | 00:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос ба Вазорати фарҳанг

 

Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе М. Зарипова номаи сипос омад.

Дар матни нома М. Зарипова барои ҳамкориҳои дуҷонибаву саҳми арзанда дар рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа ва болидасозии рӯҳи солхӯрдагони танҳо бо консертҳои идона ба Вазорати фарҳанг изҳори сипос намуда, иштироки ансабли «Сомон»-ро дар чорабиниҳои идона ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ махсусан қайд кардааст.

Директори маркази номбурда дар фарҷоми нома ҷиҳати идомаи ҳамкории бештар дар рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таманнои нек намудааст.