Сомонаи пешина | Яш, 18 Феврал 2018 | 00:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид. 
Ректори донишкада Хайриддин Идиев оид ба фаъолияти муассиса дар соли 2017 ба намояндагони васоити ахбори омма маълумоти муфассал дода, ба саволҳои онҳо посух гуфт.
Қайд гардид, ки соли 2017 дар донишкада ду кафедраи нав таъсис дода шуд: кафедраи бойгоншиносӣ ва технологияи иттилоотӣ, кафедраи фортепиано ва гузориши овоз.
Яке аз падидаҳои хотирмони соли 2017 ин ташкил гардидани оркестри силсилаасбобҳои мусиқии мардумӣ бо дастури Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки окестри мазкур алҳол таҳти сарпарастии Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Пиров фаъолият дорад.
Инчунин дар соли 2017 маҷаллаи илмии донишкада таҳти унвони «Фарҳанг ва ҳунар» ва рӯзномаи донишкада бо номи «Олами ҳунар» бори аввал нашр шуданд.
Ректори муассиса ба суоли рӯзноманигорон оид ба дастовардҳои муассиса ҷавоб дода, қайд кард, ки соли гузашта онҳо ба якчанд дастовардҳо ноил гардиданд. Аз ҷумла бо ташаббуси донишкада ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба фестивали байналмилалии арғунуннавозон таҳти унвони «Садои дилрабои Арғунун» ташкил ва гузаронида шуд.
«Иштироки донишҷӯёну устодони донишкада дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ зиёд буд. Соли 2017 донишкада дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва эҷодкор соҳиби «Ситораи тиллоӣ» шуд ва моҳи март дар фестивали ҷумҳуриявии «Ганҷҳои ҳунар» донишҷӯи мо Ҳайдаров Зоиршо соҳиби шоҳҷоиза гардид. Инчунин донишҷӯёни донишкада дар озмуни телевизионии «Маҳфили зарифон» байни макотиби олии кишвар ҷойи аввалро ишғол намуданд»- иброз дошт ректори муассиса.
Инчунин қайд гардид, ки дар соли таҳсили 2017-2018 нақшаи қабули довталабон 92, 2 % иҷро гардид, ки ин нисбати соли таҳсили гузашта 30 % зиёд аст.