Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали байналмилалии “Сураҷкунд Мела” иштирок доранд

 

10 нафар ҳунармандон ва ҳунарпешагони тоҷик дар Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд Мела», ки дар иёлоти Ҳарянаи Ҷумҳурии Ҳиндустон 2 феврали соли 2018 оғоз гардида буд, иштирок доранд.
Фестивали мазкур бузургтарин намоишгоҳи рақс ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҳиндустон мебошад.
Рақс ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷикро дар ҷашнвора 5 нафар ҳунарпешагони рақс аз Ансамбли «Ҷаҳоноро»-и Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ ва панҷ нафар ҳунармандон аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Ҳисор ва Душанбе муаррифӣ хоҳанд кард.
Ҳунармандон намунаҳои ҳунарҳои қолинбофӣ, чармгарӣ , заргарӣ, муҳрабофӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарии тоҷикро ба маърази меҳмонони намоишгоҳ мегузоранд.
Ҷашнвора то 18 феврали соли 2018 идома меёбад.