Сомонаи пешина | Яш, 27 Мая 2018 | 10:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мулоқоти Вазири фарҳанг бо Сафири Тоҷикистон дар Франсия

 

7 феврали соли 2018 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид вохӯрӣ анҷом дод.
Суҳбат асосан дар мавзӯи баргузории Намоишгоҳи экспонатҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Франсия оид ба санъати кишварҳои Осиё «Гиме» ва пешниҳоди номинатсияҳои «Чакан» ва «Фалак» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи репрезентативии ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО сурат гирифт.
Қайд гардид, ки корҳои омодагӣ барои баргузории Намоишгоҳ дар ҷараён буда, алҳол байни ҷонибҳо созишнома баррасӣ мегардад. Инчунин рӯйхати нигораҳое, ки бояд дар Намоишгоҳ ба маъраз гузошта шаванд, омода гардида, барои мувофиқа пешниҳод шудааст.
Боиси зикр аст, ки баргузории Намоишгоҳи ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Франсия оид ба санъати кишварҳои Осиё «Гиме» моҳи марти соли 2019 дар назар аст.