Сомонаи пешина | Яш, 18 Феврал 2018 | 00:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мулоқоти Вазири фарҳанг бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду кишвар, иштироки аҳли санъат ва ҳунари ду кишвар дар чорабиниҳои фарҳангии тарафайн суҳбат намуданд.
Ҷаноби Иванов пешниҳод кард, ки дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ҳунармандони Муассисаи давлатии Театри лӯхтаки шаҳри Брест даъват карда шаванд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар вусъати ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус изҳори ақида намуда, пешниҳодҳои аз ҷониби Сафир ироа шударо пазируфт ва онҳоро хело муҳим арзёбӣ кард.
Вохӯрӣ дар фазои мусоиди дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.