Сомонаи пешина | Яш, 18 Феврал 2018 | 00:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазири фарҳанг ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфт

 

7 феврали соли 2018 дар Маркази матбуотии «Ховар» нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2017 маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб гуфт.
Суолҳои рӯзноманигорон дар мазӯъҳои гуногун, аз ҷумла таъсири буҳрони иқтисодӣ ба матбуоти тоҷик, чорабиниҳо дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъмири китобхонаҳо ва дастрасӣ ба китобҳо, таҷлили 140-солагии устод Садриддин Айнӣ, пешниҳоди номинатсияи ҷашни Меҳргон барои ворид намудан ба Феҳристи репрезентативии ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО, ҷобаҷогузории кадрҳо ва рафъи мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои бонувон ва мардон садо доданд.
Вазири фарҳанг ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма посухҳои муфассал дода, қайд намуд, ки Вазорати фарҳанг барои дар сатҳи шоиста сипарӣ намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумии тоҷик ба кишварҳои хориҷа ва бахшида ба 140-солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ баргузории чорабиниҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст.
Дар шарҳи пешниҳоди либосҳо барои бонувон ва мардон Вазири фарҳанг иброз дошт, ки дастурамали либосҳои миллӣ хусусияти тавсиявӣ ва тарбиявӣ дошта, бо мақсади баланд бардоштани одоби либоспӯшии шаҳрвандон ва тарғиби либоси миллӣ таҳия гардидааст ва дар ояндаи наздик дастраси ҳамагон хоҳад шуд.
Дар масъалаи норасоии кадрҳо қайд гардид, ки охири моҳи декабри соли сипаригардида масъулини Вазорати фарҳанг бо мудирони Раёсат, бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявии вилояти Хатлон оид ба соҳаи фарҳанг, масъалаҳо ва камбудиҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда суҳбат гузаронида, аз онҳо талаб карданд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ равона созанд. Бахшҳои фарҳанг муваззаф гардидаанд, ки оид ба масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа тадбирҳои зарурӣ андешанд.