Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 04:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» 7 феврали соли 2018 баргузор мегардад

7 феврали соли 2018 соати 9 дар Маркази матбуотии «Ховар» Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. 

Роҳбарияти Вазорати фарҳанг аз натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2017 маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯяд. 

 

 

Варақаи иттилоотӣ
оид ба фаъолияти Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои сол фаъолияташро дар заминаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи фарҳанг, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳо, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017», Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни мамлакат таҳия гардидаанд, инчунин дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ таҷлил намудани тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашнҳои 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ равона намуда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид. 
Соли 2017 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҷиҳати эълон намудани «Рўзи фарҳанг» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №181 қабул гардид. Минбаъд ҳамасола 20 март ҳамчун Рўзи фарҳанг дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.
Дар соли сипаришуда муассисаҳои театрию консертӣ барои баргузории ҷашнҳои Артиши миллӣ, Рўзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, Рўзи Шашмақом, Рўзи Рўдакӣ, Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Рўзи Фалак, Фестивали ҷумҳуриявии кўдакон ва наврасони ҳунарманд “Сапеда”, Рўзи Конститутсия, Рўзи театри тоҷик, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Парчами давлатӣ барномаҳои махсус таҳия намуда, дар барномаҳои фарҳангии сол фаъолона иштирок намуданд.
Фестивали ҷумҳуриявии “Навниҳолони боғи санъат” бахшида ба Рӯзи Модар, Иди Наврўзи байналмилалӣ, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017», шоу-барномаи фарҳангии “Базми ҷавонӣ”, Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат, намоиши театришуда бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Дар шоҳроҳи Истиқлолият”, барномаи рангини ҳунарӣ дар Қасри Арбоби ба номи Саидхуҷа Урунхоҷаев ба ифтихори 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Сада аз ҷумлаи чорабиниҳои хотирмони соли 2017 мебошанд, ки бо шукӯҳу шаҳомати хос гузаронида шуданд.
Гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ тўли соли 2017 дар 9 кишвари хориҷӣ дар фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат намуда, санъату ҳунари тоҷикиро муаррифӣ намуданд.
Аз ҷумла, ансамбли рақсии “Чаман” дар Фестивали байналмилалии “Роҳи абрешим” дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, ансамбли рақсии “Базморо” дар барномаи ҳунарӣ бахшида ба Рўзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “ЭКСПО-2017” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро”ва ҳунармандони ансамбли “Помир” дар баргузории Рўзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода ва ансамбли “Садо”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев дар Фестивали байналмилалии рақс дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ансамбли рақсии “Базморо”дар чорабинии байналмилалии фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, гурўҳи ҳунарпешагони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода дар Фестивал-конкурси рақсҳои якка ба номи М.Эсанбаев дар Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия ва дар Фестивали санъати кишварҳои Осиё дар Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар Фестивали байналмилалии «Балтийский дом» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо намоиши «Исповедь Омара Хаяма», Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа бо намоишномаи “Лаку Пак”-и А.Қодирӣ ва И.Усмонов дар Фестивали байналмилалии театрӣ “АРТ-ОРДО” дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом бо намоишномаи «Суди девонагон»-и В.Шекспир дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Ҳиндустон ва дар Фестивали байналмилалии театрӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов бо намоиши “Дур аз Ватан”-и Б.Собир дар Фестивали байналмилалии “Саҳна бидуни марз” дар шаҳри Владикавкази Осетияи Шимолӣ иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.
Бо мақсади муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик 5 нафар ҳунармандон - бофандаи адрасу атлас, устои наққош, созҳои мусиқӣ, бофанда ва сангтарош дар Фестивали байналмилалии мероси фарҳангии «Зоҳид» дар Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб, панҷ нафар ҳунармандони ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Фестивали «Рўзҳои фарҳангии Шарҷа» дар шаҳри Шарҷаи давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва 15 нафар ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Фестивал-намоиши байналмилалии «Сураҷкунд Мелла» дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ду нафар ҳунармандони ҳунарҳои бадеии халқӣ дар «Фестивали мероси фарҳангии Зойид» дар Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуда, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ба сокинон ва меҳмонони он пешниҳод намудаанд.
Дар тўли соли 2017 Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон «Биё, бо ҳам бихандем», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар», Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон», Озмун барои хонандагон таҳти унвони «Мо ва Шоҳнома», Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих», Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ «Бозори ҳунар», Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат», Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» доир гардиданд. Инчунин, Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷ, Фестивали байналмилалии «Шашмақом», Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарии нобиноён таҳти унвони «Дунёи меҳр», Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, Фестивал-озмуни «Гулдухтарони суғдӣ», Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Бўстон – 2017», Шоу барномаи телевизионии «Парвин–2017», Фестивал-озмуни «Оши палов» ва даҳҳо озмунҳои вилоятию шаҳру ноҳияҳо бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон баргузор гардиданд.
Айни ҳол дар системаи Вазорати фарҳанг 1350 китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ (аз ҷумла 78 китобхонаи бачагона), 334 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 410 клуб, 49 клуби сайёр, 15 марказҳои фарҳангу фароғатӣ, 7 филармонияҳои халқӣ, 63 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 театри ҳалқӣ, 52 осорхона, 13 хона-осорхона, 25 ансамбли тарона ва рақс, 15 ансамбли шашмақомхонон, 7 ансамбли фалаксароӣ, 6 ансамбли эстрадӣ, 10 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 18 ансамбли рақсӣ ва 1 телевизиони маҳаллӣ, 3 радиои маҳаллӣ фаъолият доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 18 театри касбии кишвар 63 асари нав рўи саҳна омаданд, ки 40 асари драматургони тоҷик ва 23 асари муаллифони хориҷӣ мебошанд. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 27 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 36 намоиш рўи саҳна омад.
Тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 371 рўзнома (109 адад давлатӣ ва 262 адад ғайридавлатӣ), 243 маҷалла (113 адад давлатӣ ва 130 адад ғайридавлатӣ), 313 матбаа (36 адад давлатӣ ва 277 адад ғайридавлатӣ), 45 адад нуқтаи фурўши китоб (3 адад давлатӣ ва 42 адад ғайридавлатӣ), 71 нашриёт (10 адад давлатӣ ва 61 адад ғайридавлатӣ), 11 оҷонсиҳои иттилоотӣ (1 адад оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10 адад ғайридавлатӣ) дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ” ва “Дар бораи матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма” фаъолият менамоянд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи расмии худро дорад, ки бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо суроғаи “www.vfarhang.tj” хабарҳоро паҳн мекунад.
Баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина бо мақсади мутобиқ гардонидани фаъолияти васеи сомонаи вазорат вобаста ба ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои мухталиф аз ҷумла, рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа сомонаи расмии вазорат дар арафаи Соли нави 2018, дар қолаби нави ҷавобгў ба талаботи замон таҷдид ва такмил гардида, дар рӯзи ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне 22 декабри соли 2017 ба шабакаи Интернет ворид карда шуд.
Дар саҳифаи асосии сомона ба таври доимӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дастури муҳими фаъолияти тамоми самтҳои рӯзгору эҷод гузошта шуда, ҳам инъикоси падидаҳои фарҳангӣ ва ҳам инъикоси вазъи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ба роҳ монда шудааст.
Дар сохтори сомона бахшҳои нави фарҳангӣ аз қабили “Навиди фарҳангии хориҷа”, “Тозанашр”, “Театр”, “Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон”, “Мероси эҳёшуда”, “Осорхонаҳо”, “Ҳунарҳои мардумӣ”, “Санъати воло”, “Навои дил” илова карда шудааст, ки дар ҳар яки он дар баробари матн имкони ҷой кардани сабту наворҳои гуногун мавҷуд ҳаст.
Муассисаҳои нашриявии вазорат дар соли 2017 бо дарназардошти китобҳои дарсии нашрнамудаи ҶСШК “Матбуот” дар маҷмўъ 63 номгўй китоб, бо теъдоди 688095 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд.
Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик” 6 номгўй китобро ба нашр расонд, аз ҷумла, китобҳои «Донишномаи Душанбе» — 500 нусха, китоби “Энсиклопедияи миллии тоҷик” — 5000 нусха ва китоби “Донишномаи мухтасари кўдакон ва наврасон” — 3000 нусха, китоби “Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” — 2000 нусха ба табъ расонд.
Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе — 2017” дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 7 давлати дунё иштирок намуд.
Ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — 2020 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, 1278 бостонӣ, 441 таърихӣ-монументалӣ, 300 ёдгориҳои меъморӣ, 220 шаҳру шаҳракҳои қадима, 83 конҳои қадима, 70 қалъаҳо, 110 мақбара ва масоҷиди таърихӣ, 43 катибаҳои рўисангӣ, 15 тасвирҳои рўисангӣ, 654 адад макон ва талу теппаҳои таҳқиқнагардида дохил шудааст.
Соли сипаришуда 38 китобхонаҳои нав бунёд гардиданд, ки аз онҳо як адад дар шаҳри Душанбе, як адад дар вилояти Суғд, 8 адад дар вилояти Хатлон, як адад дар ВМКБ ва 27 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
Қобили қайд аст, ки сохтмони Қаср ва хонаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ҳисор, Роғун, Ваҳдат, Сангвор, Тоҷикобод, Ашт, Ҷаббор Расулов, Кўҳистони Мастчоҳ, Ишкошим, Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг, Бохтар, Хуросон, Рўшон, Дарвоз анҷом ёфта, пурра ба фаъолият шурўъ намуданд.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои фарҳанги ноҳияҳои Мастчоҳ, Шаҳринав, Тоҷикобод, Нуробод, Данғара, Ванҷ ва Шуғнон идома дошта, сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Варзоб аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ идома меёбад.
Падидаи нави фарҳангӣ дар ин муддат таъсиси ансамблҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омўзиши ҳунарҳои навозандагию овозхонӣ ва рақс дар назди Кохи фарҳанги «Суғдиён»–и шаҳри Хуҷанд мебошад, ки панҷ дастаи ҳунарӣ – ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли рақсии ба номи Ғ.Валаматзода, ансамбли ҳунарии созҳои миллии «Сайҳун», ансамбли созию овозии ба номи Борбад ва дастаи рақсии балет таъсис дода шуда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал менамояд, ки аз ин миқдор бевосита дар тобеияти Вазорати фарҳанг 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 6 коллеҷи соҳавӣ, 2 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат фаъолият менамоянд.
Муассисаҳои таълимӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, донишҷўёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев ғолибони аввалин Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон «Ганҷҳои ҳунар» гардиданд.
Моҳи апрел дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Бозиҳои XII-уми Делфийи ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он Идибек Тошев — хонандаи мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев дар бахши «Созҳои миллӣ» ғолиби Бозиҳои XII Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил гардида, бо медали тилло сарфароз гардонида шуд.
Бо дастгирии Вазорати фарҳанг рўзи 25 октябри соли 2017 хонандаи синфи 9-и мактаби миёнаи №41 ноҳияи Б.Ғафуров Абдуқаҳҳор Ғаффоров дар Озмуни байналмилалии “Муғам”, ки дар шаҳри Боку дар байни иштирокчиёни 9 давлат, аз ҷумла, Эрону Туркия, Миср, Ўзбекистон ва дигарон сазовори ҷойи фахрии дуюм гашт.
Консерти камеравии Ҷаннат Ҳусейнзодаи 10-сола, донишҷӯи Коллеҷи санъат моҳи декабри соли 2017 дар қароргоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин бо даъвати Котиботи СҲШ дар доираи силсилаи «Нӯҳ нотаи сеҳрофар» баргузор гардид.
Муҳассилини Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Дилноза Абдуалимова ва Некруз Зребунов ва ду нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе Амал Ҳафизова ва Томирис Илназарова дар озмуни телевизионии «Бо тамоми овоз», ки дар Федератсияи Россия баргузор гардида буд, байни намояндагони давлатҳои ИДМ сазовори ҷои дуввум гардиданд. Амал Ҳафизова дар ин озмун беҳтарин сароянда байни духтарон дониста шуд.
Донишҷўи курси 1-уми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе, ба номи Аҳмад Бобоқулов» Меҳрона Ғайбуллоева барои иштирок дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ты супер» бо дархости ширкати телевизионии «Телекомпания НТВ»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафарбар карда шуд.
Соли 2017 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 107 нафар аввалин хатмкунандагони худро ба фаъолияти меҳнатӣ равон намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ Китоби “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” мувофиқи меъёрҳо ва талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ бо забони англисӣ ва тоҷикӣ такмил ва чоп карда шуда, шумораи сеюми силсилакитоби “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” интишор гардид.
Дар соли 2017 аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 140 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла 8 китоб, 132 мақолаи илмӣ, ба табъ расиданд. Ҳамзамон, сенария барои филми ҳуҷҷатӣ оид ба рақси мардумии тоҷик таҳия гардида, 60 мақолаи энсиклопедӣ доир ба «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» ба идораи Энсиклопедияи миллии тоҷик барои чоп супорида шуд.
Аз ҷониби ходимони илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот номинатсияи “Санъати чакандўзӣ дар Тоҷикистон” таҳия гашта, барои сабт ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.
Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо Маркази омўзиши мероси фарҳанги ғайримоддии Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) дар масъалаи таҳияи филми мустанад оид ба «Наврўз» ва «Мақом» ҳамкорӣ намуд.
Ҷиҳати ташвиқу тарғиби ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии миллӣ дар хориҷи кишвар ва ҷалби туризми ҷаҳонӣ ба ҷумҳурӣ мутахассисон дар Конфронсҳои зерминтақавии “Рушди сайёҳии устувор дар Роҳи бузурги абрешим”- 23-26.05.2017с., “Пешбурд, иҷро ва пешниҳоди ҳисобот оид ба Конвенсияи шаклҳои гуногунрангии худифодакунии фарҳангӣ”-24-25.07.2017с. (ш. Алмато, Қазоқистон) инчунин дар Семинари зерминтақавии “Рушди стратегияи мудирият оид ба мероси ҷаҳонии Роҳи абрешим дар Осиёи Марказӣ, ки 13-14.09.2017с. (ш.Тошкент, Ўзбекистон) баргузор гардид, ширкат варзиданд. Қайд намудан бамаврид аст, ки маҳз дар ин ҳамоишҳо кормандони шуъба тавонистанд то дар нимсолаи дуюми соли 2018 ҷиҳати дар шаҳри Хуҷанд баргузор намудани Конфронси зерминтақавии гузаргоҳи “Фарғона-Сирдарё”-ро муваффақ шаванд. Конфронси мазкур бо сарпарастии дафтари Алматои ЮНЕСКО баргузор мегардад.
Тибқи талаботҳои тахассусӣ корҳои ҳуҷҷатгузории номинатсияи ёдгории бостонии «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук» тавассути гузаргоҳи «Амударё», ҷиҳати пешниҳод ба Феҳристи ёдгориҳои моддии ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуда, барои баррасӣ ба дафтари ЮНЕСКО дар Париж ирсол карда шуд.
Корҳои тармим ва барқарорсозии девори шарқӣ ва шимолии Қалъаи Ҳулбук, ёдгории меъмории «Қасри Ҳоким»-и шаҳри Ҳисор, барқарорсозии ҷузъии Қалъаи Ҳисор оғоз гардида, корҳои лоиҳакашии мақбараи Фатҳуллои Чустӣ дар н.Шаҳринав, мақбараи Хоҷа Аюби Ансории н. Ховалинг, барқарорнамоии ҷузъии Қалъаи Муъминободи н. Муъминобод, мақбараи Хоҷаи Заррини н. Данғара, Муғтеппаи ш. Истаравшан, Мадрасаи Абдуллохони ш. Исфара, Қалъаи Вамари н. Рўшон, таҳқиқҳои бостоншиносӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳи Кўҳӣ, Восеъ, Сангвор, Рашт, низ шуруъ шудаанд.
Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дар мавзеи таърихии Дараи Мухтор-зодгоҳи Восеи қаҳрамон таъсис ёфта, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №571 аз 25.09.2015с. ба он мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ баҳри фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои густариши робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ чораҳои гуногунро амалӣ гардонид. Аз ҷумла, дар соли 2017 барномаи фарҳангӣ зери унвони “Рўзҳои фарҳанги кишвари Ҷопон” дар шаҳри Душанбе (4-5 феврал), Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи май), Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон (моҳи июн), Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи сентябр), Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон (моҳи октябр) дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ҳунарӣ баргузор гардиданд.
Дар ибтидои моҳи июн Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзид.
21-23 ноябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи 10-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар зумраи намояндагон аз 50 давлати дунё дар шаҳри Хартуми Ҷумҳурии Судон иштирок ва баромад кард.
Бо мақсади ҳифзи тақвияти иҷтимоии собиқадорони соҳа ва оилаҳои камбизоат дар арафаи ҷашнҳо аз ҷониби вазорат ба собиқадорони соҳа ба маблағи 15278,0 сомонӣ ба ятимон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 3839,0 сомонӣ кўмакҳои мақсаднок расонида шудааст.