Сомонаи пешина | Яш, 18 Феврал 2018 | 00:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Базми баҳори чинӣ дар Душанбе

 

Шоми 5 феврали соли 2018 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти идонаи Оркестри созҳои халқии Театри миллии опера, рақс ва драмаи хитоии «Роҳи абрешим» баргузор гардид.
Барномаи консертӣ таҳти унвони «Ганҷинаҳои миллӣ» ба Соли нави хитоӣ- Базми баҳор бахшида шуда, он аз ҷониби Фонди миллии санъати Хитой бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар ифтитоҳи консерт Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аҳли толорро бо Базми баҳори чинӣ муборак гуфта, шоми гуворо таманно намуданд. Қайд гардид, ки муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Хитой сол то сол таҳким ёфта, баргузории чунин консертҳо барои боз ҳам наздик кардани мардуми ду кишвари ба ҳам дӯст ва муаррифии фарҳангу маданияти ин кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Оркестри созҳои халқии Театри миллии опера, рақс ва драмаи хитоӣ 50 сол инҷониб фаъолият мебарад ва ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Ҷумҳурии халқии Чин шуҳрат ба даст овардааст. Оркестр тавонистааст, ки мусиқии анъанавии халқӣ ва мусиқии замонавии навро бо ҳам тавъам созад ва усули нотакрори худро офарад.
Боиси зикр аст, ки барномаи консертии мазкур рӯзи 6 феврал дар шаҳри Ҳисор низ намоиш дода шуд.