Сомонаи пешина | Яш, 21 Октябр 2018 | 03:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили ҷашни Сада дар Суғд

 

30 январи соли 2018 дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази шаҳри Хуҷанд ба муносибати ҷашни Сада чорабинии фарҳангӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ва намояндагон аз Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Барномаи консертӣ бо иштироки ансамблҳои рақсии «Зебо», «Ғаффор Валаматзода», «Чаманоро», «Гулноз», гурӯҳи карнайнавозони «Фахри Хуҷанд», донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ва ҳунармандони Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо суруду рақсҳои рангину ҷолиб доир гардида, композитсияи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони «Ризқофарин» дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров писанди тамошобинон шуд.
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, фурӯши ниҳолу маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ чорабиниро боз ҳам шавқовару рангинтар намуданд. Ошпазҳои беҳтарини вилоят оши палави тоҷикӣ омода намуда, барои сокинон ва меҳмонон ройгон пешкаш намуданд.
Худи ҳамон рӯз дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи Суғд ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ маҳфили адабӣ таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва таомулҳои ҷашни Сада» бо устодон ва толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд доир гардид.
чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Сада дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бо барномаҳои консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва фурӯши ниҳолу маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ гузаронида шуданд. дар сатҳи баланди ташкилӣ ва эҷодӣ гузаронида шуд.
Аз ҷумла 30 январи соли ҷорӣ чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада - мужда аз Наврӯз» дар назди бозори «Ҳумо»-и шаҳри Панҷакент, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара, Боғи фарҳангӣ-истироҳатии шаҳри Конибодом, корхонаи «Нури ховар»-и шаҳри Истиқлол, бахши фарҳанги ноҳияи Б.Ғафуров, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А. Назарови ноҳияи Спитамен, Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ ва дигар ҷойҳо баргузор гардида, табъи сокинони вилоятро шод намуданд.
Боиси зикр аст, ки чорабиниҳои мухталиф бахшида ба ҷашни Сада дар вилояти Суғд қаблан ҳам баргузор гардиданд. Аз ҷумла, 10 январи соли 2018 сӯҳбат таҳти унвони «Ҷашни Сада - мероси ниёгон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, 26 январ аз ҷониби кормандони Китобхонаи вилоятии бачагона ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ сӯҳбат бо номи «Сада омад-мужда диҳад аз Наврӯз» ва ҷузвдони мавзӯӣ «Меҳргону Сада – иди ниёгон» омода ва гузаронида шуд.