Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Бадахшон Садаро бо тантана ҷашн гирифтанд

 

31 январи соли 2018 дар шаҳри Хоруғ ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.
Чорабинии идона бо афрӯхтани гулхан дар майдони Исмоили Сомонӣ аз тарафи сокинони ҷавони шаҳр ва баргузории доирабазм ва рақсу суруд бо иштироки ансамбли «Эҳё» оғоз гардид.
Сипас, дар шафати бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят намоиши таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд. Ҷаласаи тантанавӣ ва барномаи консертии рангоранг бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон», ансамбли «Эҳё», театри вилоятӣ ва бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ дар толори мақомот идомаи чорабиниҳои идона буданд.
Дар маҷлиси тантанавӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед суханронӣ намуда, сокинони вилоятро бо ҷашни Сада табрику таҳният намуд.
Адибону шоирон бо қироати шеърҳои тозаэҷоди худ дар васфи ҷашни Сада ба чорабинии идона ҳусни дигар зам карданд.
Боиси зикр аст, ки чорабиниҳои идона дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 22 январ оғоз ёфта буданд. Намоишҳои китобӣ ва ташкили гӯшаи алоҳида бахшида ба ҷашни Сада дар китобхонаҳо, суҳбату вохӯриҳо бо зиёиёну адибони шаҳр ва наврасону ҷавонон оид ба таърих ва ҷашнгирии иди Сада аз ҷумлаҳои чунин чорабиниҳо мебошанд.