Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сафари кории муовини вазири фарҳанг ба ноҳияи Нуробод

 

Чанде пеш муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода дар доираи Нақша - чорабиниҳои тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Нуробод сафари корӣ анҷом дод.
Мақсади асосии сафар шарҳу эзоҳ ва амалишавии Паёми Пешвои миллат, вохӯрӣ бо аҳолии ноҳия, инчунин санҷиши вазъи воқеии таъмири муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти ширӣ буд.
Муовини вазири фарҳанг нахуст бо раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тақдир ва муовинон, сармеъмор ва масъулини идораи сохтмон, сардорони раёсату шуъбаҳои маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҷавонон ва варзиш, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва сардори шуъбачаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ мавзӯъҳои асосии суҳбат вазъи кунунии бунёди иншоотҳои нави маорифу фарҳанг, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, баланд бардоштани сатҳ ва таъмини зиндагии сазовору шоистаи шаҳрвандон, муносибатҳои некбинона ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ҳимояти якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон ва дигар корҳои созандагӣ дар низоми давлатдорӣ буданд.
Муовини вазири фарҳанг Давлатзода Музаффар бо гурӯҳи корие, ки аз ҳисоби масъулини сохторҳои дахлдор таъсис ёфта буд, ба деҳаҳои дурдасттарини ноҳия сафар намуда, вазъи кунунии фаъолияти мактабҳо, корхонаҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли маҳсулоти шириро санҷида баромад.
Суҳбатҳое, ки бо аҳолии деҳаву ҷамоатҳои ноҳияи Нуробод сурат гирифт, нишон доданд, ки сокинони ноҳия аз ғамхориҳои шоён ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини суботу оромӣ, зиндагии сазовору шоистаи шаҳрвандони кишвар рӯҳбаланд буда, омодаанд, ки тамоми нуктаҳои ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз, яъне Паёми Пешвои миллатро бемайлон амалӣ гардонанд.