Сомонаи пешина | Шб, 20 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Машғулияти амалӣ барои намояндагони ВАО дар Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

 

Дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон вохўрӣ бо Раёсати Иттифоқи композиторон ва машғулияти амалӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили кишвар дар мавзўи «Методологияи муосири тарғиби санъати касбӣ» баргузор гардид.
Вобаста ба моҳияти иҷтимоӣ ва дурнамои мусиқии касбии тоҷик, муайянсозии самту омилҳои асосии рушду нумўи он, ташаккули низоми самарабахши ҳавасмандгардонии нерўи эҷодӣ барои тавлиди маҳсулоти мавриди ниёзи фарҳангӣ, муносибат ба фаъолияти эҷодӣ ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа, ҳадафу вазифаҳои аҳли илму эҷод, инчунин фаъолияти имрўзаи Иттифоқи композиторон - Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов, композитор Сангалӣ Ҳамидов ва роҳбари машғулияти мазкур, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Аслиддин Низомов суханронӣ намуда, оид ба масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии санъати касбии миллӣ, беҳтар намудани сифати корҳои илмӣ бо истифода аз нерўи мавҷудаи мусиқишиносони тоҷик, муаррифии мактаби композиторӣ ва мусиқашиносии тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин истифодаи услуҳои муосири тарғиб ва инъикоси санъати касбӣ дар ВАО пешниҳодҳои мушаххас намуданд.
Дар машғулият инчунин масъалаҳои вазъ ва дурнамои яке аз самтҳои афзалиятноки фарҳанги миллӣ – рушди мусиқии касбӣ, дарки моҳияти санъати касбӣ, ташаккули муҳити муосири фарҳангӣ, хусусиятҳои мусиқӣ ҳамчун арзиши зебоипарастӣ дар таносуби мақсадҳои эҷодиёти бадеӣ ва санъати амалӣ, равияҳо ва ҷараёнҳои муосири санъати касбии тоҷик, рақобатпазирии санъати мусиқии касбӣ, инчунин тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тарғиби фаъолияти эҷодию илмии композиторону мусиқашиносони тоҷик, аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корхонаи «Технологияҳои муосири Тоҷикистон» коркарди сомонаи расмии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (https://www. Kompozitor. Tj) анҷом дода шуда, он рўзҳои наздик фаъол мегардад.
Ҳамзамон, барои намояндагони васоити ахбори омма намунаҳо аз операҳо, симфонияҳо, кантатаҳо, увертюра ва дигар жанрҳои мусиқии касбӣ аз осори эҷодии композиторони тоҷик иҷро гардида, ба Академияи ВАО-и Тоҷикистон як теъдод китоби «Таърихи мусиқии тоҷик»-и Аслиддин Низомов тўҳфа гардид.
Бояд тазаккур дод, ки вохўрӣ ва машғулияти мазкур бо композиторону мусиқашиносони тоҷик баҳри такмили донишҳои назариявӣ ва амалии кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвар бо ибтикори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар доираи курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ баргузор гардид.