Сомонаи пешина | Шб, 20 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Сада мазҳари равшаноист»

31 январи соли 2018 дар Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Фурӯғи ҷашни Сада» конфронси адабӣ баргузор гардид.

Дар конфронс, ки аз ҷониби китобхонаи мазкур дар якҷоягӣ бо Муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №41 гузаронида шуд, адибону омӯзгорон ва гурӯҳи васеи хонандагон иштирок намуданд. 

Директори Китобхонаи вилоятӣ Обидов Саймуҳаммад дар ифтитоҳи конфронс иштирокчиёнро бо ҷашни Сада табрик намуда, оид ба таърих ва аҳамияти таҷлили он дар замони имрӯза сухан ронд. 
Сипас, хонандагон бо қироати шеър ва оҳангу сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод намуданд.

Муовини директори китобхона Абдуллоева Саодат бо сухани хотимавӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида, хонандагони фаъол ва меҳмононро бо тӯҳфаҳои хотиравии Китобхона сарфароз гардонид.

Ҳамзамон китобдорони Китобхона намоиши китобии пурмазмунро дар мавзӯи “Сада-ҷашни хуҷастаи ниёгон” ва эъҷози ҳунари волои дастии хонандагони хурдсолро бо номи “Ҳунарҳои миллӣ-муаррифгари фарҳанги миллӣ” пешкаши хонандагон ва меҳмонон намуданд.

Оқилова Заррина,
корманди Китобхонаи вилоятӣ