Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 13:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Суруди беҳтаринро дар васфи ҷашни Сада Афзалшо Шодиев сароид

 

30 январи соли 2018 дар муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе чорабиниҳои асосӣ ба муносибати ҷашни Сада баргузор гардиданд.
Дар таҷлили ҷашни Сада Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ва дигарон иштирок намуданд. Гирифт.
Дар озмуни ҷашнӣ дар номинатсияи «Суруди беҳтарин бахшида ба Сада» Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ҷои аввалро ба даст овард.
Афзалшо Шодиев суруди тозаэҷоди худ «Ҷашни Сада»-ро сароид, ки ҳам аз ҷониби тамошобинон ва ҳам аз ҷониби доварон баҳои баландро сазовор гардид. Муаллифи шеър Абдуҷаббор Раҳмонзода буда, ба он худи Афзалшо Шодиев оҳанг бастааст.
Боиси зикр аст, ки соли 2018 аввалин маротиба ҷашни Сада расман бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.