Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 07:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҶОВИДОНӢ, АЙ КИТОБ!

02.04.21Андешаҳои олимону адибон оид ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!» 

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто хеле корҳоро ба сомон расонидааст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки дар рушду нумӯи соҳаи китобу китобдорӣ нақши бузург гузоштанд. 

Дар заминаи суннатҳои мавҷудаи фарҳангӣ ва анъанаҳои арзишманди китобу китобдории миллӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои давлатҳои рушдёфта ва меъёрҳои байналмилалӣ соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистон такмил дода шуд.

Мардуми фарҳангпарвару тамадунофар ва ҳунардӯсти тоҷик дар эҷоди китобу китобхона миёни дигар қавму миллатҳо пештозу пешрафта ба шумор меравад. Ин миллати куҳанбунёд дар ҳама давру замон рӯи дасташ китоб буд. Кору рӯзгорашро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшид. Аҳамияти китоб бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст. Ин маъниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо зикр кардаанд. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2019 қайд намудаанд, ки: «Мо бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчӣ бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем».

Китобу китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Қабули як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурӯшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, нашри силсилаи китобҳои «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд, таҷлили «Рӯзи китоб», бунёди биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва баргузории фестивалу озмунҳои «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳои доноӣ китоб аст», «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон», «Чароғи ҳидоят» аз ин дастовардҳои муҳим аст.

Инак, соли саввум аст, ки банда дар Муассисаи давлатии КДБҶ ба номи Мирсаид Миршакар ба ҳайси роҳбар кору фаъолият дорам. Дар муддати ин солҳо ба бисёре аз устодони соҳаи китобдорию китобшиносӣ ба мисли Шосаидзода Сафар, Абдураҳимзода Қурбоналӣ, Гадобек Маҳмудов, Ғуломзода Қурбон ва Шариф Комилзода аз наздик ошноӣ пайдо намуда, дар масоили гуногуни фаъолияти ин соҳаи доманадор маслиҳатҳои судманд гирифтаам. Дар ҳар як вохӯрию суҳбатҳо бо олимони номбурда аз ҳар шохаю самти ин пешаи бас нозук баҳс доир мегардид ва устодон бе такаллуф дар мавзӯъҳои соҳавию гайрисоҳавӣ суҳбат мекарданд. Ҳар сухани ноби ин омӯзгорони соҳаи китобдориро бо гӯши ҷон мешунидаму даврони донишҷӯиам пеши назар меомад. Дар яке аз муассисаҳои шаҳри Душанбе, ки дар паҳлӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қарор дошт, ҳам кор мекардему ҳам шабамонро он ҷо рӯз мекардем. Ҳар рӯз ҳангоми ба донишгоҳ рафтану аз он баргаштан мо як гурӯҳ донишҷуён дар назди истгоҳи Донишкадаи санъат бо дӯстон ва шиносҳоямон, ки дар донишкадаи мазкур таҳсил мекарданд, вомехӯрдем. Чун ҳисси кунҷковиамон боло мегирифт, аз таҳсили якдигар пурсон мешудем. Яке мегуфт дар бахши овозхонӣ таҳсил дораму дигаре мегуфт дар бахши ҳунармандӣ рӯи саҳна, саввумӣ бошад дар бахши китобдорӣ мехонад. Ва мо, ки он солҳо ҷавон будем, дар ҳайрат меафтодем, ки наход барои соҳиби пешаи китобдорӣ шудан панҷ соли ҳаёти одамӣ паси сар шавад.

Баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тӯли солҳои дароз дар зерсохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карданам бо амри тақдир ва зарурияти корӣ дар Муассисаи давлатии АМСБРСК „Хонаи китоби Тоҷикистон” ба ҳайси муовини директор ба кор таъин шудам. Акнун дар ин самти фаъолият манро назди ҳамкорони нав имтиҳони ҷиддӣ дар пеш буд. Роҳбарии муассисаро марди фарҳангдӯст ва олими сермаҳсул, номзади илмҳои таърих Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор ба уҳда дошт. Тӯли ду сол аз ин фарди маънирас ва он ҳамкороне, ки дар корхона фаъолият менамуданд, бисёр нозукиҳои ин пешаи китобдорию китобшиносиро аз худ намудам, ки бас нозукиҳоро дар худ ниҳон доштааст.

Ногуфта намонад, заҳмате, ки кормандони китобхона, бахусус китобдорон мекашанд, хело гарон ва сангин мебошад. Аз он лаҳзае, ки адабиёти тозанашр ба коргоҳ ворид мегардад, алакай ташвиши кормандон шуруъ мегардад. Муттасадиён яке паи дигаре барои ҷо ба ҷо ва коркарди адабиёт муваззаф мегарданд. Сараввал мавод ба дасти кормандони шуъбаи такмил ва коркарди адабиёт ворид гашта, ба тарзи зайл он коркард мешавад:

а) Дар муқоваи аввал аз қисми дохилӣ барои нигоҳ доштани формуляри китоб киссача часпонида мешавад.
б) Дар саҳифаи 3-17 муҳр ва рақами инвентарӣ гузошта мешавад.
в) Ба ҳар як китоб формуляри китоб навишта, дар киссача нигоҳ дошта мешавад.

Ва ҳамин тавр адабиёти воридгашта аз дасти як хонанда ба дасти хонандаи дигар расида, гардиши пурраи маводи махзани китобхонаро таъсис медиҳад. Гардиши ҳар китоби китобхонаро ҳамчунин аз рӯи саҳифаи унвонӣ (титульный лист), ки дар қисми дохилии муқоваи аввал часпонида шудааст, мушоҳида мегардад.

Хонандаи азиз биёед суханро ба дарозо набурда, ба сари мақсад биёему атрофи он чорабиниҳое, ки аз тарафи дастандаркорони муассисаи мо, ки мувофиқи нақша-чорабиниҳо таҳрезӣ шудаанду аз тарафи қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг тасдиқ шудааст, чанд сухане гуфта бошем.

Тӯли чанд даҳсола аст, ки бо ибтикор ва саъю кӯшиши чанд тан адибон ва собиқ роҳбарияти муассисаи мазкур дар саросари ҷумҳурии азизамон чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри ҷалби ҳарчӣ бештари кӯдакону наврасон ва аҳли ҷомеа ба китобу китобдорӣ доир менамоянд. Яке аз чунин чорабиниҳои фарҳангие, ки дар саросари Тоҷикистони азиз чун анъана ҳамасола аз 2-то 9-уми апрел баргузор мегардад, ин Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии „Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” мебошад. Ин Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ дар саросари кишвари азизамон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад. Зеро сол то сол сафи кӯдакону наврасон китобхону китобдӯст зиёд мегардад. Ва ҳар сол тӯли як ҳафта дар ҷумҳурӣ ид аст, Иди китоб.

Аз рӯзҳои оғози ин ҷашнвора дар саросари мамлакат, аз деҳкадаи дурдаст то ба пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, ҳамарӯза дар ҳама муассисаҳои таълимӣ, дар ҳамаи китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо вохӯрии адибон, алалхусус адибоне, ки барои кӯдакону наврасон асарҳо меофаранд, маҳфилҳои адабии хотирмон баргузор мегарданд. Ҳамаи ин вохӯриҳои адибон бо кӯдакону наврасон ҳар одами солорро ба гузаштаи дур мебарад. Дар деҳкадае зиндагӣ доштему даҳ соли таҳсиламон гӯё дар як мижа задан паси сар шуд. Ботаассуф боре ҳам шарикдарсонам устодони каломи бадеъро аз наздик надида буданд. Маҳфилҳои мо бе иштироки адибон мегузашт. Хушбахтона устодони сухан Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, рӯзноманигор ва публисист Раҷаб Мардон, шоир Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, адиб Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, ки ҳамдеҳагони мо буданду гоҳ-гоҳе ҳамроҳи бародарбузургамон шоир ва рӯзноманигори оташинсухан Ғоиб Сафарзода меҳмони хонадони мо мешуданд. Он чанд рӯзаке, ки бародарбузург меҳмони хонадони падарӣ буд, ҳар шаб хонаи мо серодам мегашт. Хешу табор, ёру дӯстон, ҳамсинфони Ғоиб ҳама сари як дастурхон ҷамъ меомаданд. Нишастҳои тӯлонӣ сурат мегирифт. Шабҳои дароз суҳбатҳо идома меёфт. Мо бародарон аз нишасти онҳо, аз суҳбатҳои гарму самимии эшон бархӯрдор мегаштем. Ва то ин дам хумори он солҳо пеш чашми мосту доимо ба некӣ ёдаш менамоем. Ана ҳамон дидорбиниҳо, ҳамон нишастҳои устодони сухан буд, ки мо насли наврасро ба дӯст доштани хондан, рӯ овардан ба осору ашъари волои адибони классик ва муосир ҳидоят карда буд. Он нишастҳои ширину гуворо буд, ки имрӯз то ҷое қалам бадастаму дӯстдор ва ҳифзгари ганҷинаи бебаҳо-китоб мебошам.

Сӣ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди он туҳфаест нодиру арҷманд. Ва ҳар нафаре, ки тӯли ин солҳо дар ин кишвари азиз умр ба сар бурдааст, ин ҳама гуна пешравиҳо, бунёдкориҳо ва созандагиҳоро бо чашми сари хеш дидаву шукронаи ободии онро мекунад. Офаридгори замину осмон барои миллати куҳанбунёду тамаддунофар роҳбаре ато кард, ки Ватани азизашро ободу зебо намуд, ба оламиён шиносонид. Мардуми кишварашро ба сулҳу салоҳ овард. Ваҳдат ва якпорчагии меҳанашро побарҷо намуд. Роҳбари муаззами кишвар аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан ҳамеша бо мардум якҷо буд. Аз зиндагии ҳама қишрҳои ҷомеа бохбар буд. Мехост, ки мардумаш дар якҷо ба мисли гузаштагони боифтихори худ соҳибмаърифат гарданд.

Ва ин фарзанди фарзонаи миллат, Роҳбари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Амре ба тасвиб расонд, ки хушбахтона таи ду соли охир ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ шоҳиди он гардида. Озмунҳои ҷумҳуриявии „Тоҷикистон ватани азизи ман” ва „Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ормони деринаи Сарвари давлати тоҷикон мебошад, ки амалӣ гаштааст. Яке аз ҳадафҳо ва самти сиёсати давлату Ҳукумат ва Сарвари хирадпешаи он ин пеш аз ҳама рушди соҳаи маориф ва фарҳанги насли ояндасози он мебошад. Ба ин васила Роҳбари муаззами миллат мехоҳад то дар ниҳоди кӯдакону наврасон ва билохира аҳли ҷомеа рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносию ватандӯстӣ, арҷ гузоштанд ба мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, майлу рағбат ба донишандӯзӣ ва рӯ овардан ба илмҳои дақиқ реша давонад ва камол ёбад.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои дар боло зикрёфта масъулияти ҳар корманди китобхонаҳо ҳамчун маркази фароҳамоварии маводҳои маърифатию фарҳангӣ мавқеъи калидӣ дорад. Бо дар назар гирифтани кулли масъулият кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллии он ҳамасола дар саросари кишвар Фестивал ҷумҳуриявии „Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор менамояд. Имсол барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ соли фаромӯшношуданӣ маҳсуб меёбад, мардуми кишвари азизи мо 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил хоҳанд кард. Баҳри дар сатҳи баланд ҷашнгирии ин санаи фархунда ҳар фарди ҷомеа бояд, ки бо дастовези арзандаи хешро омода намояд.

Кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар» тасмим гирифтаанд, ки ин рӯйдоди таърихиро чун армуғон бо Фестивали ҷумҳуриявии „Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони „Хуҷаста бод Истиқлол!” пешвоз гиранд. Имсол низ чун солиёни пеш кормандони Китобхона бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин ҷашнвора дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардад. Аз ин рӯ, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин чорабинии фарҳангӣ аҳли заҳмати муассисаро зарур аст, ки ҳарчӣ бештар омодагӣ дошта бошанд, то ба мисли солҳои пешин ин Фестивал хотирмон ва ба ҳадафҳои худ расида бошад. Инчунин барои дар амал пиёда намудани ин нияти нек аҳли ҷомеа, бахусус кормандони соҳаи фарҳангу маориф ва тамоми китобдорони ҷумҳурӣ бояд фазои созгор ва шароити заруриро фароҳам оваранд.

 

Ҳусайн Сафарзода, Директори КДБҶ ба номи М.Миршакар