Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 07:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Аз таърихи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ва дурнамои он

02.04.21Андешаҳои олимону адибон оид ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!»

Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои иттиҳод дар таътили тобистонаи мактаббачагон иди «Ҳафтаи умумииттифоқии китоби кӯдакон ва наврасон» баргузор мешуд, ки ҳадафи асосии он муаррифӣ ва тарғиби адабиёти барои кӯдакону наврасон интишорёфта маҳсуб меёфт. Ин ид бори нахуст бо ташаббуси нависандаи кӯдакон Лев Кассил 26 марти соли 1943 таҳти унвони «Рӯзи китоби кӯдакон» («Книжкины именины») дар Маскав (Хонаи Иттифоқҳо) баргузор шуд. Ба ин чорабинӣ дар радифи мактаббачагон адибонро низ, ки баъзеашон аз фронт омода буданд, даъват карда шуданд. Аз ҷумла дар ин ид адибони дӯстдоштаи кӯдакон: Самиул Маршак, Сергей Михалков, Агния Барто, К. И. Чуковский, Михаил Пришвин, Вера Инбер, Мария Прилежаева, Зоя Воксресенская ва Александр Фадеев фаъолона иштирок карданд ва маҳз дар ҳамин маҳфил бори аввал мулоқоти васеи адибон бо хонандагони ҷавон баргузор гардид. Ташкилкунандагони иди «Рӯзи китоби кӯдакон» майёр, дорандаи ордени «Ситораи Сурх», директори нашриёти «Адабиёти бачагона» («Детгиз») Людмила Викторовна Дубровина ва нависанда, дорандаи ордени «Нишони Фахрӣ» Лев Кассил буданд. Баъд аз баргузории ин чорабинӣ мутассадиён ба хулосае омаданд, ки барои ташкили ид як рӯз кифоя нест ва аз соли 1944 инҷониб иди «Рӯзи китоби кӯдакон» дар доираи як ҳафта баргузор шуда, номи «Ҳафтаи китоби кӯдакон»-ро гирифт. Иди китоби кӯдакон танҳо як маротиба, дар соли 1945, дар тирамоҳ дар рӯзҳои пеш аз истироҳатӣ моҳи октябр баргузор шуд. Ба ин муносибат рӯзномаи «Пионерская правда» (1945, №43) дар саҳифаҳои худ оид ба эҷодиёт ва нақшаҳои ояндаи нависандагон ва андешаҳои хонандагон дар бораи китобҳои хондаашон маводи ҷолиб дарҷ кард. Аз охири солҳои 50-уми асри гузашта баргузории Ҳафтаи китоби кӯдакон дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳукми анъана даромад. Минбаъд ҷойи баргузории ид пойтахти яке аз ҷумҳуриҳои иттиҳод интихоб мешуд. Масалан, соли 1972 Ҳафтаи китоби кӯдакон дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус шаҳри Минск баргузор шуд. Ин ид соли 1974 дар Алмаато, соли 1975 – Тбилисӣ, соли 1977 – Вилнюс, соли 1978 – Кишенёв, соли 1980 – Фрунзе (ҳоло Ашқобод), соли 1982 – Ереван ва соли 1986 дар Киев барпо гашт. Ҳафтаи умумииттифоқии китоби кӯдакон, ки барои соли 1990 дар Гурҷистон ба нақша гирифта шуда буд, бинобар сабаби пошхӯрии ИҶШС, баргузор нашуд.

Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳурӣ (с.1974) аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар ташкил ва баргузории «Ҳафтаи умумииттифоқии китоби кӯдакон ва наврасон» саҳми муносиб гузоштааст. Доир ба ин чорабинӣ аз ҷониби китобхона, ки вазифаи маркази илмӣ-методии китобхонаҳои бачагонаву мактабии мамлакатро ба зима дошт, силсилаи дастурҳои методиву тавсиявӣ таҳия ва нашр шудаанд. Тавассути дастурҳои мазкур китобдорони ҷумҳурӣ имкон пайдо карданд, ки сатҳи дониши тахассусии хешро роҷеъ ба масоили услубҳои педагогии тарғиби китоб, худвижагии созмондиҳию баргузории чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили намоиши китобҳо, субҳи адабӣ, суҳбату вохӯриҳо, конфронси хонандагон, шабҳои мавзӯӣ, шабҳои саволу ҷавоб, қироат ва дигар чорабиниҳо такмил диҳанд ва тавсияномаҳои ҷолибу маслиҳатҳои муфиди мураттибонро барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабиниҳо истифода намоянд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар бинобар сабаби ҷанги шаҳрвандӣ то соли 1995 ин чорабинӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ баргузор нагардид. Соли 1996 бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наримон Бақозода – шоири маҳбуби кӯдакону наврасони тоҷик ва ҳамзамон дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ фестивал таҳти унвони «Китоб ва мусиқӣ» ҳамчун идомадиҳандаи иди «Ҳафтаи умумииттифоқии китоби кӯдакон ва наврасон» дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин фестивал бо ҳамин ном то соли 2005 барпо гашт ва аз соли 2006 инҷониб ҳамасола аз 2 то 9 апрел таҳти унвони фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Бори нахуст ба забони тоҷикӣ оид ба тарзу усули баргузории фестивал, ҳадафу вазифаҳо, аҳамияту мақоми он дар муаррифӣ ва тарғиби китоб, номгӯи чорабиниҳои фестивал ва намунаи сенарияҳои баргузории онҳо, низомномаву дигар санадҳои меъёрии марбут ба фестивал дастурҳои методӣ интишор ёфтаанд, ки бо истифода аз онҳо созмондиҳандагони фестивал ба мақсаду вазифаҳои фестивал, тартиби баргузорӣ, талаботу шартҳои озмунҳои дар доираи фестивал баргузоршаванда шинос шуданд. Барои китобдорони ҷумҳурӣ як шумораи маҷаллаи фарҳангӣ-маърифатии «Китобдор» маводи ҷолибро доир ба аҳамияти баргузории фестивал, гимн ва низомномаи фестивал, сенарияи композитсияи адабӣ-бадеӣ бахшида ба адибони соҳибҷашн Пайрав Сулаймонӣ, Пӯлод Толис, Фотеҳ Ниёзӣ ва муаррифии китобҳои тозанашр, таҷрибаи муфиди китобхонаҳои мамлакат дар ташкил ва гузаронидани фестивали мазкур, нашр намуд.

Ҳамасола, зимни оғози фестивал дар назди бинои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар намоиши васеи китоб, намоиши эҷодиёти кӯдакону наврасони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, намоиш-фурӯши маҷаллаву китобҳои тозанашр ва гӯшаи «Лаҳзаҳо аз фестивал» ташкил карда шуда, порчаҳо аз намоишномаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии лухтак ва Сирки давлатии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ҷамъбастӣ фестивал бештар дар бинои Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва ё дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки аҳли илму адаб, коршиносони соҳа, рӯзноманигорон, аъзоёни ҳакамон, ғолибони озмунҳои фестивал ва иштирокчиёни фаъоли фестивал, бо шукӯҳу шаҳомоти хосса баргузор мегардад. Ҳамзамон ҷараёни баргузории фестивал ва натиҷаҳои он тавассути васоити ахбори омма мавриди тарғиб қарор мегирад ва дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ оид ба лаҳзаҳои фараҳбахши фестивал ҳамасола маводи ҷолиб дарҷ мегардад.

Солҳои охир мазмуну мундариҷаи фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» мукаммал гардида, ба иди ҳақиқии китобхонӣ ва тарғиби китоб табдил ёфтааст. Имрӯз ин чорабинӣ, бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сар то сари кишвар таҷлил мегардад. Низомномаи фестивал ҳамасола бо дарназардошти таҷлили санаҳои муҳимми сол ва ҷашнвораҳои миллӣ таҳия мегардад. Тартиби баргузорӣ, талабот, хароҷоти молиявӣ, мукофотҳо, шартҳои озмунҳо ва ҷоизаҳои фестивал муайяну муқаррар карда шуданд. Бахусус, баъд аз қабули «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» маблағгузории фестивал ҳамасола аз ҳисоби Барномаи мазкур таъмин карда шуд.

Тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи намунаҳои беҳтарини адабиёти бачагонаи тоҷик ва ҷаҳон, ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, мусоидат кардан ба раванди ташаккули фарҳанги иттилоотӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҷорӣ намудани шаклу усулҳои наву замонавии хадамоти китобдорӣ дар фаъолияти китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои мухталифи тахассусӣ бо иштироки толибилмону роҳбарони хониши онҳо, муаррифии китобу нашрияҳои даврии бачагона ва тарғиби таҷрибаи муфиди фаъолияти китобдорӣ - мақсад ва вазифаҳои асосии фестивал мебошанд.

Тибқи нишондоди Низомномаи фестивал, ҳамасола дар доираи он озмунҳои гуногун, аз қабили «Хонандаи фаъол», «Иншои беҳтарин», «Дастони моҳир», «Китобдори беҳтарин» ва ғайраҳо баргузор мешаванд ва ғолибон «Барои қироати беҳтарин»-и (шеър, афсона, ҳикоя), «Барои беҳтарин намоишгоҳи китоб», «Аниси хонадони мо», «Барои тарғиби фаъолонаи Фестивал», «Барои расми зеботарин», «Барои беҳтарин муаррифии китоб» ва ғайраҳо бо ҷоизаҳои фестивал сарфароз мегарданд. Масалан, соли 2020 дар доираи фестивал озмунҳои «Расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона таҳти унвони «Китобчаи дӯстдоштаи ман», «Хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО», «Фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон», «Ровиёни ҷавон» ва сабқатҳои «Серхаридортарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон», баргузор гардиданд.

Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» барои ҷалби хонандагони хурдсоли кишвар ба китобхониву донишандӯзӣ то андозае мусоидат намуда, имкон дод, ки бо иштироки фаъоли адибони мамлакат асарҳои барои кӯдакону наврасон интишорёфта бештар тарғиб шаванд.

Барои баланд бардоштани шавқу завқи китобхонии насли наврас, омӯзиши сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ, таҳқиқи заминаи моддиву техникии китобхонаҳо, муайяну мушаххас намудани дороии фонди китобхонаҳои мамлакат бо адабиёти дархӯри хониш, самарабахшиву нишонрасии чорабиниҳои доирнамудаи китобхонаҳо, вазъи таъмини китобхонаҳо бо феҳристу картотекаҳо ва дигар масоили марбут ба китобу тарғиби он дар доираи фестивал баргузории озмуну маҳфилҳои нав роҳандозӣ шуданд.

Бештари китобхонаҳои мамлакат, мутобиқ ба талаботи Низомномаи фестивал ва Нақша-чорабиниҳое, ки аз ҷониби Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар таҳия гардида як моҳ қабл аз оғози фестивал тақсим карда мешавад, вобаста ба имконоти мавҷудаи хеш, дар ташкил ва баргузории фестивал фаъолона иштирок мекунанд. Фаъолияти наҷиби чунин китобхонаҳо ва дастовардҳои назарраси онҳо дар ин самт ҳамчун таҷрибаи муфиди соҳаи китобдорӣ метавонанд мавриди омӯзиш ва тарғиб қарор гиранд.

Барои такмили фаъолияти минбаъдаи фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ба андешаи мо, бояд ба ҳалли чунин масъалаҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

1. Дар Низомномаи фестивал оид ба талаботҳо ва тарзу усулҳои иҷрои ҳар як озмун маълумоти мушаххас ворид карда шавад, то ки ҳар довталаб бо дарназардошти вижагиҳои озмун дар он бо тайёрии ҷиддӣ иштирок намояд;
2. Бисёр хуб мешуд, ки озмунҳо дар самти муайян намудани сатҳи китобхонии кӯдакону наврасон ва омӯзиши фаъолияти роҳбарони хониши кӯдакону наврасон дар ташкил намудани чорабиниҳо ҷиҳати ҷалби хонандагон ба хониш ва донишандӯзӣ баргузор карда шаванд;
3. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмун ва роҳбарони хониши онҳо, инчунин адибони кӯдакон, ки асарҳояшон бештар мавриди хониш қарор мегиранд, маблағҳои зарурӣ пешбинӣ шуда, қаблан мукофотпулиҳо эълон карда шаванд.
4. Дар доираи фестивал озмуни «Фаъолтарин китобхонаи шахсӣ» роҳандозӣ карда шавад. Зарурияти баргузории чунин озмун бевосита аз дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат маншаъ мегирад. Ҳанӯз дар суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон (20.03.2012) Президенти мамлакат доир ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷумла чунин қайд карданд: «Бори дигар таъкид менамоям, ки китоб дар рушди маънавиёту маърифати инсонӣ нақши асосӣ мебозад. Аз ин рӯ, дар ҳар як хонадон бояд китобхонаи шахсӣ вуҷуд дошта бошад, то ки наслҳои имрӯзу оянда, махсусан наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омӯзанд. Дар ин кор падару модарон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд». Ташкили чунин озмун дар доираи фестивали мазкур аз чанд ҷиҳат манфиатовар аст, аз ҷумла:
– имкон медиҳад, ки китобҳои беҳтарин ва мувофиқ ба синнусоли хонандагон дар ҳар оила ҷамъоварӣ карда шавад;
– масъулияти падару модарон ҳамчун роҳбарони хониши фарзандон дар бунёди китобхонаҳои шахсӣ назаррас арзёбӣ гардад ва шароити хуби мутолиаи адабиёти дилхоҳ барои фарзандон дар оила муҳайё карда шавад;
– теъдоди китобхонаҳои шахсӣ дар мамлакат афзоиш ёфта, талаботи ба китобдоштаи аҳолӣ бештар қонеъ гардад;
– шумораи китобхонҳои фаъол зиёд шуда, донишҳои заминавӣ, нерӯи илмиву зеҳнии кӯдакону наврасон рушду тавсеа ёбад.

Ҳамин тавр, ташкил ва баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар радифи дигар озмуну фестивалҳои китобдорӣ барои тақвияти фаъолияти китобхониву китобдӯстии насли наврас мусоидат намуда, дар тарғибу ташвиқи осори нашршуда ва беҳтар намудани фаъолияти китобхонаҳои мамлакат саҳми муносиб мегузорад.

Шариф КОМИЛЗОДА, муовини директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент