Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 06:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«TAJIKISTAN FASHION WEEK». Дар Душанбе маросими тантанавии ифтитоҳи Ҳафтаи байналмилаллии мӯд баргузор гардид

05.04.212Дар Ҳафтаи байналмилалии мӯд — «Tajikistan fashion week-2021», ки 2 апрел дар меҳмонхонаи Hyatt Rejency Dushanbe оғоз ёфт, дар радифи тарроҳони хориҷӣ 9 нафар тарроҳи ватанӣ — Умед Кучкалиев «UMED KUCHKALIEV», Фарангис Азимова «FARA AZIM», Садбарг Мирраҳимӣ, Сулҳия Ғуломова, Нафиса Имронова «ZHIWJ», Адолат Абдуҳалимзода «MAKKE EENN», Шабнам Иброҳим, Ирода ва Ситора Солиҳоваҳо намунаҳои тарроҳии худро пешкаши иштирокдорон гардониданд.

Ин ҳамоиши фарҳангӣ бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ташаббуси иттиҳодияи эҷодии «Т&Z» дар пойтахти ҷумҳурӣ  шаҳри Душанбе созмон дода шуда,  дар маросими ифтитоҳи он  намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, тарроҳони машҳури кишварҳои хориҷӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ҳафтаи мӯд муаррифии маҳсулот дар сатҳи мӯди касбӣ, таваҷҷуҳ ба арзишҳои либосҳои анъанавии миллӣ, асолати этникӣ ва омезиши гуногунрангии либосҳо ба шумор меравад.

Дар қатори тарроҳони ватанӣ инчунин тарроҳон аз Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб коллексияҳои худро пешниҳоди ҳаводорони олами мӯд мегардонанд. Коллексияҳои таҳиянамуда асосан аз либосҳои занонаи ба таври миллию аврупоӣ дӯхташуда иборат мебошад.

Ҳафтаи баналмилалии мӯд барои ҷалби бештари меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оварда,  ба ин восита ҳамкории ҳунармандон-тарроҳони кишвар бо тарроҳони хориҷӣ густариш меёбад. Дар рӯзи аввали баргузории Ҳафтаи мӯди  тарроҳони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Россия колексияи тирамоҳиву зимистонаи худро  пешниҳоди  дӯстдорони олами мӯд гардониданд.

Умуман дар Ҳафтаи байналмилалии мӯд Tajikistan fashion week-2021 тарроҳони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат менамоянд.

Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон  дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021гузаронида шуда, қадами муассирест дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тарроҳони кишварҳои хориҷӣ, муаррифии ҳунари тарроҳони чирадасти тоҷик ва эҳёю сайқали ҳунарҳои мардумӣ.

Интизор меравад, ки дар доираи Ҳафтаи байналмилалии мӯд донишҷӯёни риштаи таррроҳии макотиби олии Тоҷикистон ва тарроҳони дорои имконияти маҳудуди кишвар иштирок намуда, маҳорати зебоиофарии худро  ба маъраз гузоранд. Дар ҷараёни Ҳафтаи мӯд  9 нафар тарроҳи ватанӣ намунаҳои тарроҳии худро пешкаши иштирокдорон гардониданд. Инчунин  дар ҷараёни Ҳафтаи мӯд брендҳои ҷаҳонӣ, ки ба истеҳсоли либос машғуланд, иштирок  менамоянд.

Ҳафтаи мӯд ҳамчун таҷрибаи пешқадами соҳа  дар аксари кишварҳои хориҷӣ эътироф гардида, соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон  ташкил карда мешавад ва он то 4 апрел идома меёбад.

АМИТ «Ховар»