Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҲАМНАФАСЕ БО БАҲОРИ ГУЛБЕЗ

02.04.21Андешаҳои олимону адибон оид ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!»

Садои занги директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусайн Сафарзода ва баён намудани мақсади ӯ хотираҳои ширинеро пеши рӯям ба ҷилва овард. Наздик омадани Фестивали ҷумҳуриявии „Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон”-ро, ки китобхонаи мазкур дастандаркори он маҳсуб аст, барояш муборак гуфтам ва барои боз ҳам ҷолиб гузаштани ин ҷашни фархунда чанд маслиҳаташ додам. Дар баробари маслиҳатҳо эшон арз доштанд, ки пиромуни ин ҷашни зебо чанд сатрро рӯи авроқ биёрам, то дар саҳифаидастури методии ба фестивал бахшида шуда ҷой диҳанд. Хуб гуфтаму ҳамоно хома ба даст гирифтам ва бо ёрии хаёлҳои ширин аз фестивалҳои гузашта ба навиштан шурӯъ кардам. Дар баробари дигар навиштанҳо ва баёни фикри бикр ин навишта бароям хеле осон аст, зеро тӯли солҳои дар шаҳри Ҳисор ба сифати мудири бахши фарҳанг ифои вазифа доштан, борҳо ин ҷашнро дар ҳамроҳи бо мактаббачагон ва роҳбарони хониш доир карда, аз суҳбати бузургони сухан баҳра бурдаам. Дар баробари кӯдакону адибон мо кормандони фарҳангу маориф ҳам шоду масрур ин ҳафтаи муборакро бесаброна интизор мешудем. Ҳар фестивал аз фестивали дигар хубтару бофароғаттар буд ва кашф мекард чеҳраи навро. Аз суҳбати Насим Раҷаб, Алӣ Бобоҷон, Наримон Бақозода, Латофат Кенҷаева, Азизи Азиз, Юсуфҷон Аҳмадзода ва даҳҳо адибони дигар шод мешудему босамар фаъолият менамуд. Ҳар кори нек сарчашмае дорад ва саҳми бародари гиромии мо Ғуломзода Қурбон, ки солиёни дароз сарварии ин даргаҳи маънию умедро бар душ доштанд, дар ин радиф беҳамто аст. Фестивал таърихи ҳаштод сола дошта бошад ҳам, бо сабабҳои сар задании низоъҳои дохили дар кишвар рухдода муддате он ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод ва нафаре ки пайи зинда кардани ҷашни калом камари ҳиммат баст, эшон ва шоири маҳбуби бачаҳо Наримон Бақозода буданд. Бо самари талошҳои Ғуломзода ва дастгирии ҳамаҷонибаи Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, Кумитаи телевизион ва радио, вазоратҳои маориф ва фарҳанг, бо маслиҳату мадади китобофарон шукӯҳ ин ҷашни фархунда сол то сол афзуд.

Хато накунам, агар гӯям, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» хиште буд дар бунёд бинои фестивали овозадори «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» ки бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тайи ду сол фаъолият дорад ва дар кашфи ҳазорон наврасони соҳибистеъдод, адибони навқалам ва қаламкашони музофотӣ нақши калидӣ мебозад. Китоб воқеан пул аст, пӯле, ки гузаштаву имрӯзаро мепайвандад. Аз гузашта ба оянда қисса мекунад ва инсонҳоро бо роҳи беохири илму дониш раҳнамоӣ менамояд. Ҷашни китоб, ҷашни фархунда буд ва фархунда мемонад, чунки ҳеҷ гавҳаре, ҳеҷ ахтаре дар ҷойи китоб буда наметавонад. Аз наздиктарин одам меранҷӣ ва биноан худ низ наздиктарин дӯстро бо сабабе меранҷонӣ, вале, китоб, ин ганҷинаи нодир ҳеҷ намеранҷад ва намеранҷонад. Ва дар ин маврид Соиби бузугвор чӣ хуш суханпардозӣ намуда:

Соиб, маталаб рӯи дил аз кас ки дар ин аҳд,
Рӯе, ки нагардад зи касе рӯи китоб аст.

Бо умеди дар сатҳи олӣ доир гардидани ин ҷашн воқеан фирӯзу фархунда ба сухани худ хотима мегузорем ва итминони комил дорам фестивали имсола, ки ба ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти воқеии кишвар рост меояд, дар сатҳи олӣ доир мегардад.

Чун дар қатори идҳои мутанти «Рӯзи модарон», «Наврӯз» ва Иди матбуот ин инд низ ҳамнафас бо баҳор аст, умедвори онем, ки бо шарофат ва баракати хеш ҳазорон ғунчаҳои умед шукуфон мегарданд.

Нуралӣ Мирзоалиев Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ