Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 07:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МАЪРИФАТИ КИТОБДОР ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ҶАҲОНИ ИТТИЛООТӢ

02.04.21Андешаҳои олимону адибон оид ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!»

 

Рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иттилооти оҷил ва марказҳои нигоҳдорандаи он бойгониҳои ва пойгоҳҳои иттилоотӣ, аз ҷумла китобхонаҳои анъанавӣ ва маҷозӣ (виртуалӣ) эҳтиёҷ дорад. Иттилоот ҳамчун маҳсули захоири муҳимми стратегӣ, дар навбати худ моҳияти фаъолияти марказҳои маълумотию иттилоотиро ғанӣ ва нақши онҳоро дар ҷомеаи мутамаддин ҳамчун ганҷинаи муҳимми таҷаммӯи донишҳои муосир дар таъмини талаботи рӯзафзуни шаҳрвандон баланд мебардорад. Дастрасии оҷил ба иттилоот тавассути истифодаи дастовардҳои техникӣ, технологияҳои замонавӣ ва шабакаи интернет ба хонанда имкониятҳои зиёдеро фароҳам оварда бошад ҳам, ҳангоми зарурат барои истифода аз захираҳои анъанавӣ ва рақамии локалӣ бештар ба китобхона ва марказҳои иттилоотӣ муроҷиат намудан лозим меояд. Дар ин сурат, албатта, таъмини эҳтиёҷоти мо бештар аз маҳорат ва малакаи касбии китобдор, ба хусус аз маърифати касбию таҷрибаи кории ӯ вобастаги дорад. Оё китобдорони мо ҳангоми муроҷиати хонанда метавонанд ба ӯ хадамоти қонеъкунанда пешниҳод намоянд ва ё роҳҳои оҷилан расидан ба сарчашмаҳои заруриро нишон диҳанд, ин алабатта муаммоест, ки имрӯз ҷомеа ба он рӯ ба рӯ омадааст.

Китобхона ҳамчун маркази иттилоотӣ аз замонҳои қадим арзи вуҷуд намуда, шаклу намудҳои гуногуни иттилоот ва расонаҳоро ҷамъоварӣ, коркард, гурӯҳбандӣ, ҷобаҷонамоӣ, маҳфуз ва дастраси хонандагони гуногунзавқ менамояд. Бо мурури замон вазифа ва уҳдадориҳои китобхона куллан тағйир меёфт ва маводи гуногуни иттилоотиро гирд меовард. Агар дар минтақаи Шумери Қадим маҳсулоти нигориши иттилоот гирдаи лойин ва сафолин бошад, пас дар Мисри Қадим лӯлаҳои қиртос мавқеи хос дошт, дар Чин рӯйи тахтапораҳо аз бамбук ва дар давлати Инкҳои Амрико риштаҳои гуногунранг буданд. Пас аз пайдоиши чарм ва коғаз бештарини мавод дар он дарҷ ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегардад. Нигоҳдории маводи иттилоотӣ низ гуногун буд. Дар Шумер гирдаҳои гилину сафолинро дар сабадҳо ва сабадҳоро дар тоқҳои махсус бо рӯйхати онҳо муҷаҳҳаз менамуданд, ки ҷустуҷӯи маводи заруриро осон менамуд. Дар Мисри Қадим лӯлаҳои қиртосиро дар тоқҳо, дар аввал ё охири тоқ ва ё девори он рӯйихати номгӯи лӯлаҳо ҳаккокӣ мешуд, ки он низ барои ҷустуҷӯи мавод ёрӣ мерасонид. Дар Чин ва давлати Инкҳои Амрико низ намудҳои гуногуни гурӯҳбандии маводи иттилоотӣ ба чашм мерасид, ки он қадамҳои аввал дар радабандии иттилоот ва захираҳои китобӣ маҳсуб меёфт. Минбаъд бо пайдоиши тамаддунҳои қадим ва асримиёнагӣ бо афзоиши маҳсули эҷодӣ, китобхонаҳо низ рушд намуда, дар онҳо аввалин маротиба табақабандии илмҳо ҷорӣ мегардад. Китобхонаҳо маркази омӯзиш ва таҷрибагузаронии олимон дар самти багурӯҳдарории илмҳо ва табақабандии онҳо мегардад. Дар ин кори онҳо китобдорон ҳамчун ёрирасон мақоми муҳим доштанд ва ё худ ба ин фаъолият саҳм мегузоштанд. Аз ин рӯ, аксарияти кулли китобдорони қадим олимони варзида ва ё шоирону адибони намоён буданд. Обурӯю эътибори онҳо баробари ваколатдорони соҳибмартабаи давру замон буд. Оҳиста-оҳиста касбӣ китобдор ва баъдтар соҳаи китобдорӣ арзи вуҷуд намуд.

Китобдорӣ аз замони пайдоиш то ба имрӯз давра ба давра рушд ёфта, бо мурури замон анъана ва суннатҳои хосро касб намуд. Ҳар як давру замон тамаддунҳои гуногуни инсонӣ тавассути омӯзиши дониш аз китоб маводи иттилоотӣ рушд намуда, хусусиятҳои вижаи инкишофу тавсеаи ғояҳои пешбарандаи хешро дар ҷомеа тақвият медод ва ҳамзамон дар рушди китобхонаҳо ва хадамотҳои гуногун таъсиргузор буд. Замонҳои қадим ва асрҳои миёна китобдорон аз ҳисоби шахсони маъруф ва машҳури замона интихоб мешуданд ва он яке аз вазифаҳои муҳими замон ҳисобида мешуд. Китобҳо дар ибтидо дар ганҷинаҳои шоҳӣ ва баъдтар дар назди қасру дайрҳо ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди истифода қарор дода шуда, имконияти истифода аз онҳо маҳдуд ва кулли мардум аз ин хазинаҳои нодир бо сабабҳои гуногун бебаҳра мемонданд.

Қиссаву ривоятҳо оид ба китобдорони машҳур ва захираҳои нодиртарини китобии асрҳои гузаштаи ниёгон аз забон ба забон гузашта, баъзан ҳамчун нақлҳои тахайюлотӣ-афсонавӣ то ба мо омада расидаанд ва аксар мардум ба ҳақиқати он боварии комил доранд. Дар онҳо оид ба хазинаҳои бузург ва нодири китобии ориёитаборон маълумотҳои гуногун бо далеҳои қотеъ оварда шудаанд. Дар яке аз ҳафриётҳои шаҳри Ур (минтақаи ориёинишин) гирдаи сафолинеро пайдо намуданд, ки дар он омадааст: «Ҳар касе дониш андӯзад, чун офтоб шӯълаафкан гардад». Ва ин иқтибос аз талаботи ҳаёти аҷдодони мост, ки онҳо китобхонӣ ва донишомӯзиро муқаддас меҳисобиданд, хонандагону донандагони китобро азиз медоштанд ва онҳоро ҳамчун бузургони илму маонӣ то ба дараҷаи авлиё ва алломаҳои замон эҳтиром ва арҷгузорӣ менамуданд. Беҳуда нест, ки ҷаҳонониён ориёитаборонро бо китобу китобдорӣ ва аз нахустфарҳангиёни дунё мешинохтанду мешиносанд. Албатта, аз хондани бисёр ботини инсон, мафкураи ӯ, пиндор, гуфтор, рафтор ва фарҳанги ӯ куллан тағйир меёбад ва шӯълаи илмҳои андӯхтааш дар маърифат, ақлу заковат, дониши фарогири ӯ инъикос мегардад. Аҷдодони мо ба китоб ва китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба пайдоиши нахусталифбо, нахустинкитоб ва нахустин китобхонаҳо дар минтақаи паҳновари сукунати хеш саҳм гузоштаанд. Таърих гувоҳ аст, ки бостоншиносон аз вайронаҳои шаҳрҳои бузурги мавзеъҳои сукунати тоҷиктаборон дар радифи қасрҳои шоҳон ва хазинаҳои шоҳӣ, китобу китобхонаҳояшонро дарёфт намудаанд, ки далели равшани соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун будани онҳост. Китобу китобхонаҳои асрҳои қадим ва миёна таъсири бузурге дар эҳё ва рушди тамаддунҳои гуногун, ҳамзамон дар рушди тафаккури инсоният гузоштаст. Натиҷаи ҳамон кӯшоишҳо ва дастовардҳои аҷдодист, ки ташаккулёбии ҷомеаи миллии мо беш аз пеш инкишоф меёфт ва шароити хуби эҷодӣ ба намояндагони халқи тоҷик муҳайё мегардид.

Соҳаи китобдорӣ дар замони мо як қатор таҳаввулотҳои ҷиддиеро аз сар гузаронидааст ва сабаби асосии он суръати баланди инкишофи ҷомеаи муосир аст. Пеш аз ҳама пайдоиши назарияи илман асосноки соҳа, таҷҳизот ва технологияи нав, шабакаи Интернет ва сомонаҳои гуногуни иттилоотӣ, китобхонаҳои виртуалӣ (маҷозӣ – дур аз ҷойи зист аммо дастрасӣ ба он тавассути шабакаҳо аз ҷои истиқомат ва ё кор), бойгониҳои электронӣ (иттилои рақамигардонидашуда) бо роҳу усулҳои ба худ хоси истифодаи он ва ғайра, ки аз китобдорони имрӯза донишу маҳорат ва малакаву маърифати хосро тақозо менамояд.

Китобдори имрӯза бояд на танҳо аз маҳсулоти чопи (захоири китобӣ ё маҷаллаву рӯзномаҳо, иттилооти электронӣ) бохабар бошад, балки бо маълумотҳои рангоранг ва бо забонҳои гуногун кор карда тавонад, тавассути истифода аз технологияи нав ба хонанда маълумоти заруриро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин дастрас намояд. Меъёри самараи фаъолияти китобдор аз вақти иҷронамоии дархости хонанда ва таъмини оҷилӣ он муайян карда мешавад. Талаботи имрӯзаи касбӣ на танҳо китобдор будану таснифоти китобхонавиро хуб донистан, балки малакаю маҳорати истифодаи технологияи навтарин ва забондон буданро аз мутахассис тақозо менамояд. Ҷаҳони имрӯза тавассути дастовардҳои илмӣ-техникӣ, ҷиҳозонидани соҳа бо технологияи нав ва истифода аз навидҳои пешқадамро сармашқи кори худ намуда, пеш меравад. Иттилооти замонавӣ дар гӯшаю канорҳои дунё тавассути шабакаҳои гуногун дастраси эҳтиёҷманд гардонида мешавад. Яке аз роҳҳои бо иттилооти навин дастрас будан ҳамкории байни марказҳои илмӣ-иттилоотӣ ва китобхонаҳои бузург, ки истифода аз он бе донистани забони падидоварони иттилоот ғайриимкон аст. Интихоби иттилоот ва дасраснамоии он ба хонандаи ба он эҳтиёҷманд маърифати баланди китобдориро тақозо менамояд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки на ҳамаи иттилооти ҷаҳонӣ ба мо зарур аст. Қисме аз иттиллоот, ки барои рушди фарҳанг, анъана, пешрафти илму техникаи ҷумҳурӣ муҳим аст, тавассути бойгониҳо ва марказҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ба даст мавриди таҳлил ва мутобиқнамоии мутахассисони ҳирфаи бояд қарор гирад. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳаи китобдориро бо назардошти омӯзиши забонҳои гуногун, таҷҳизоту технологияи замонавӣ, ҳамзамон аз мактаби интихобу дарки маъниву ғояи маводи пешниҳод-мегардида бояд тарбия намуд, то ин ки ҳангоми интихобу пешниҳоди мавод бо дарки моҳият ва натиҷаи интизорӣ аз истифодаи он, зиракии сиёсӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, содиқ ба ватану марзу бум ва ваҳдату якпорчагии кишварро дар назар дошта бошанд. Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ҳама ба тайёрнамоии мутахассисони доираи васеъ равона шудааст. Дастандаркорҳо бояд ин талаботи сиёсати давлатиро ҳангоми интихоби ҷавонони болаёқат барои омӯзиши касби китобдорӣ дар мадди аввал бояд ба эътибор гиранд.

Мусаллам аст, ки дараҷаи баландтарини илмро фарҳанг шинохтаанд (мегӯянд). Яъне ашхосе, ки ба дараҷаи баланди ин ё он илм расидаанд, соҳибфарҳанги соҳаи хешанд. Аз ин рӯ, соҳиби марифати волои китобдорӣ мутахассисоне мегарданд, ки на танҳо донишу малака ва таҷрибаи зиёди корӣ доранд, балки онро метавонанд дар ҳама гуна маврид самаранок ба манфиати ҷомеа истифода кунанд. Китобдор ба маъни том ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои нави пайванди иттилоот ба эҳтиёҷот аст ва дар ин раванд дараҷаи касбии ӯ такмил ёфта, сифатан ба сатҳи дигар мегузарад ва онро ҳамчун василаи муҳим дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ истифода менамояд. Яъне ба қавли дигар, китобдор бояд ҳамарӯза маҳорати касбии худро сайқал диҳад, омӯзад ва дар арсаи ин пажӯҳишу донишандӯзи соҳибтаҷриба ва соҳибмалака гардад, бо хонанда на ҳамчун як эҳтиёҷманд, балки васеътар ҳамчун як объекти муҳиме, ки онро бояд такмилу таҷдид намояд муносибат намояд. Дар ин сурат ӯ метавонад байни хонандагон соҳиби обурӯю эътибор гардад ва ҳангоми зарурат маҳз ба ӯ муроҷиат намоянд ва хидмати ӯро қадр намоянд. Танҳо дар ин сурат, метавон гуфт, ки китобдор маърифати касбиро азхуд намудаву онро ба нафъи ҷомеа ва гулгулшукуфии ватани азизамон самаранок истифода мебарад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем на танҳо фаъолияти хадамотӣ, балки ба рушди мунтазами илму амалияи ватанӣ эътимоди комил дошта бошем ва ҳамаи ин аз заҳмати пайгирона ва беандоза бузурги китобдор ба касб маншаъ мегирад. Садоқату муҳаббат ба касб, меҳнатдӯстиву бунёдкорӣ аз хислатҳои волои инсонӣ гувоҳи медиҳанд ва он заминаи мустаҳакам ба рушди на танҳо соҳаи китобдорӣ, балки тамоми самтҳои илмиву амалӣ ва хусусан инкишофи пайвастаи хоҷагии халқи кишвар таккони ҷиддӣ медиҳанд ва ба ин васила ба рушди пайваста ва бебозгашти мамлакат мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, “Китобдор имрӯз бояд на танҳо соҳиби тахассуси касбӣ ва раванди технологияҳои замонавии иттилоотӣ ва захоири донишҳои иттилоотиро донад, балки малакаи таҳлилу ташреҳи иттилооти гуногун, коркарди маълумот ва иҷрои вазифаҳои ғайриқолабие, ки имконияти рушди самтҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии китобхонаро дар фазои иттилоотӣ муҳайё менамояд дошта бошад”.

Абдураҳимзода Қ.Б, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон