Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Изҳори тасаллият

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Имомберди Мингбоев нисбати даргузашти ҳамсараш Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Асалбегим Саодатова ҳамдардии амиқ баён менамоянд.

4 апрел Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асалбегим Саодатова дар синни 71 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Асалбегим Саодатова 4 ноябри соли 1950 дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Соли 1971 пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи А. В. Луначарский ба ватан омада, дар қатори бунёдгузорони Театри ҷавонон буд. Миёни алоқамандон бештар бо нақши «Аҷузкампир» аз намоиши телевизионии «Алифбоҷон, Алифбо!» машҳур мебошад.

Мавсуф фаъолияти пурраи эҷодиашро дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон гузаронидааст.

Асалбегим Саодатова дар тӯли беш аз чор даҳсола дар спектаклҳои зиёд нақш бозида, қаҳрамонҳоеро рӯи саҳна овард, ки аз лиҳози хислат, хулқу атвор, ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва идроки моҳияти зиндагӣ аз ҳам тафовут доранд. Инчунин дар саҳнаҳои офаридаи ӯ самимият бештар дида мешавад. Саҳнаҳои офаридааш «Робиаи Балхӣ», «Табиби зӯракӣ», «Тангои ҷиноятӣ», «Модар меояд», «Муаллими рақс», «Ситораи роҳнамо», «Илоҷи беилоҷӣ ҳаст», «Суруди зиндагӣ», «Алафҳои бегона», «Ҳукм», «Донаки сеҳрнок», «Фолбин», «Дар ҷустуҷӯи бахт», «Кулбаи хонум Зоя» аз ҳамин қабиланд.

Асалбегим Саодатова дар саҳначаю намоишҳои телевизионӣ низ ҳунар нишон додааст.