Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Оғози Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!»

02.04 1

2 апрели соли 2021 бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!» бо тантана оғоз гардид.

Дар ибтидо, дар саҳни китобхона намоиши китоб таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…», намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр ба маъраз гузошта шуда, порчаҳо аз намоишномаи Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва Сирки давлатии Тоҷикистон манзури ҳозирин гардид.

Фестивалро бо сухани ифтитоҳии Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа баромад карда, адибон Латофат Кенҷаева ва Муҳамад Ғоиб иштирокдорони фестивалро табрик намуданд.

Фестивал ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи Аҷам, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бахшида шудааст.

Ҳадафи асосии баргузории фестивал-ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» 9 апрел дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма бо намоиши идона ҷамъбаст мегардад.

02.04 202.04 302.04 402.04 502.04 602.04 702.04 802.04 902.04 1002.04 1102.04 1202.04 1302.04 1402.04 1602.04 1702.04 1802.04 1902.04 2102.04 2202.04 2302.04 2402.04 2502.04 2602.04 2702.04 2902.04 28