Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шодбошии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ба иштирокчиёни Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон»

02.04.21Ҳозирини муҳтарам!
Устодони арҷманди каломи бадеъ!
Меҳмонони гиромиқадри фестивал!

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бо дастгирии Роҳбари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизи мо ҷашнвораву тантанаҳо ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор хоҳанд гашт.

Фестивале, ки доир мегардад, аз ҷумлаи чорабинии дӯстдорони каломи мавзун дар саросари ҷумҳурӣ ба шумор рафта, сол то сол шумораи иштирокчиёни он ба маротиб меафзояд. Итминон дорем, ки тамоми аҳли ҷомеа моҳият ва зарурати дар сатҳи баланди ташкилию ҳавасмандии толибилмони муассисаҳоро дар баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон» пурра дарк намуда, аз он ҷонибдорӣ менамоянд, зеро он баҳри ноил гардидани тарбияи инсони комил нигаронида шуда, ҳамзамон нерӯи зеҳниву эҷодии тамоми муассисаҳоро ба таълиму тарбия масъул бударо муттаҳид месозад.

Дар ин ҳамоиш ҳам эҷодкору ношир ва ҳам омӯзгору китобдор, ки вазифаи асосии онҳо бо китоб таъмин намудани насли наврас ва мусоидат ба дарёфти маънӣ аз ганҷинаи суханварони каломи бадеъ аст, имкони бештари ҳамкорӣ пайдо мекунанд. Ҳамагон хуб медонанд, ки тарбияи кӯдакону наврасон яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, босавод гардонидани шаҳрвандони навраси ҷумҳурӣ вазифаи ҷонии тамоми қишри ҷомеа мебошад.

Тавре ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон- Ватани азиз ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем». Инчунин қайд намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм- фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо барои дар рӯҳияи ватандориву хештаншиносӣ, садоқат ба Ватану миллати тамадунофари хеш тарбия намудани насли наврас имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шудааст, ки ин нишони арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ва хидматҳои бесобиқаи бунёдгузорони давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳар лаҳзаи ин ҳаёти осоиштаро ба манфиати пешрафти миллати куҳанбунёд истифода барем ва насли нави бунёдкору созандаи ҷомеаи воқеан инсонгароёнаро тарбият намоем. Имрӯз баҳри инкишофи ҷомеа пеш аз ҳама, аз таъмини насли наврас бо осори пурғановати аҷдодӣ аз заковатмандии адибон, муҳандисону иқтисодчиён, таърихнигорону сиёсатмадорон, заҳматҳои ноширону китобдорон, омӯзгорону роҳбарони хониш ва пеш аз ҳама волидон вобастагии қавӣ дорад.

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон», ки асосан бо ибтикори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тарҳрезӣ ва татбиқ мешавад.

Имрӯз дастрасии озодона ба иттилоот дар «Созишномаи ҳуқуқи кӯдак» ба сифати яке аз ҳуқуқҳои дахлнопазири кӯдакон эътироф карда шудааст. Дар ин санади муҳими байналмиллалӣ, ки онро Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 26 июни соли 1993 ба тасвиб расонида буд, омадааст, ки «ин ҳуқуқ новобаста ба санадҳо, дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ё чопӣ, дар шакли асарҳои санъат ё ба васоити дигар мувофиқи интихоби кӯдак амалӣ мешавад».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзад, ки баҳри тарбияи насли наврас тамоми ниҳодҳои иҷтимоиро сафарбар намоянд. Бо назардошти нақши муассири оила дар тарбияи насли солиму умедбахши ҷомеа бо пешниҳоди Роҳбари муаззами кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Санади мазкур бори дигар масъулияти волидону омӯзгорон ва ҷомеаро нисбати ташаккули дунёи маънавии насли наврас таъкид намуд. Дар шароити кунунӣ, давроне, ки омӯзиши техникаву технологияи замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои кӯдакону наврасон заруру ҳатмӣ маҳсуб меёбад, мо низ бояд ба ин нуқта таваҷҷуҳи хоса дошта бошем.

Бо назардошти аҳамияти бузурги китоб дар тарбияи насли наврас – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 - уми сентябрро «Рӯзи китоб» эълон намуд.

Боиси фараҳмандист, ки дар доираи барномаҳои фестивал ҳамасола барои тарғиби китоб дар байни кӯдакону наврасон имкониятҳои боз ҳам васеъ фароҳам омаданд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри зиёд намудани теъдоди адабиёти бачагона, хоса он асарҳое, ки барои тарбияи кӯдакону наврасони Тоҷикистон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, зебописандӣ, баланд гардидани завқи бадеии онҳо нақши муассир мебозанд, тавассути муассисаҳои нашриявӣ, аз ҷумла муассисаҳои нашриявии «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик», «Ирфон», «Адиб» ва «Адабиёти бачагона» тадбирҳои мушаххас хоҳад андешид.

Вазифаи китобдорони ҷумҳурӣ бошад, аз он иборат аст, ки бо истифода аз шаклу услубҳои ҷолиб ва муосир ба насли наврас китобҳои беҳтаринро дастрас гардонида, дар замири онҳо нисбат ба Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо меҳру садоқат, вафодорӣ, омодагӣ баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ба бунёдкориву созандагӣ, таҳкими пояҳои ҷомеаи нави демократӣ, дунявӣ ва суботу Ваҳдати миллӣ раҳнамун созанд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Фестивали имсола низ чун ҳамасола ин чорабинии фарҳангӣ ба ҷашни ҳақиқии китоб табдил ёфта, дар саросари кишвар дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва рӯҳияи созандагӣ доир хоҳад гашт. Кулли иштирокчиён ва дастандаркорони ин фестивалро бо ин ҷашни фархунда самимона муборакбод гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ, нерӯю қувваи созанда таманно дорам.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат