Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирӣ толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ифтитоҳ ёфт

03.03.21tolorБа муносибати ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ифтитоҳ ёфт.

Дар расми кушодашавии он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимону муҳаққиқон, адибон, собиқадорони соҳаи китобдорӣ, ғолибони даврҳои вилоятиву ҷумҳуриявии сабқати мазкур, фарҳангиён, толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва хонандагони фаъоли китобхона ширкат намуданд.

Ҷамъомад бо тамошои намоиши слайдӣ оғоз гардида, иштирокчиён аз навору ороишоти электронӣ бо муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос гардиданд.

Толор дар назди шуъбаи хизматрасонӣ таъсис ёфта, махзани кушодаи он фарогири панҷ номинатсияи озмун мебошад. Баробари вуруд ба он довталаби озмун ба қайд гирифта мешавад ва ӯ метавонад аз махзан китобу асарҳои дилхоҳашро интихоб намуда, бо худ барои мутолиа ба хона барад. Китобҳо аз рӯи тартиби алифбоӣ гузошта шуда, шароити интихобро ба хонанда осон менамоянд. Аз дигар ҷониб, дар заминаи силсиланашрҳо, маҷмӯаҳо ва куллиёти адибони ҷудогона хонандаро бо фаъолияти эҷодии суханварон ошно мегардад.

Толор бо мизу курсиҳои нав, ду таҷҳизоти гармидиҳанда, намоишҳои барқаду оинагии китобӣ муҷаҳҳаз буда, деворашро намунаи суратҳои адибони классикиву муосири тоҷик, шоирону нависандагони хориҷӣ, ки осори онҳоро дар доираи чор номинатсия довталабон мутолиа менамоянд, оро дода шудааст.

Аз ин толори бошукӯҳ хонандагони зиёд истифода бурда, дар баробари сайқали дониш, инчунин дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок меварзанд ва ғолибият ба даст меоваранд.

Толори навтаъсис барои баргузор намудани экскурсияҳо, маҳфилҳои рӯнамоии китобҳо, суҳбатҳову мубоҳисаҳои адабӣ, конфронси хонандагон, мулоқот бо адибон ва дигар чорабиниҳои вобаста ба мутолиаи китобу шинохти адабиёти бадеӣ, огоҳӣ аз коргоҳи эҷодии қаламкашон, шеваҳои нигориш, бардошту ҳамкории адабии суханварон  аз мактабу ҳавзаҳои эҷодии ватаниву хориҷӣ нақши муассир хоҳад дошт.

 

АМИТ «Ховар»