Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 07:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

2 марти соли 2021 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот вазири фарҳанг қайд намуд, ки сиёсати фарҳангии кишвари мо дар меҳвари сиёсати некбинонаи «дарҳои боз»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ рушду таҳким ёфта истодаанд. Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд, махсусан равобити фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар асоси принсипҳои ҳамзистии осоишта пойдор гардида, ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар ботадриҷ идома меёбанд.

Қобили қайд аст, ки тӯли ин солҳо чанд маротиба ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқдисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир гардид.

Масъалаҳои вусъат бахшидани робитаҳои фарҳангӣ дар самтҳои мусиқӣ ва табодули гурӯҳҳои ҳунарию театрӣ, табодули мавод ва нашрияҳои фарҳангии ду кишвар, таҳқиқу тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ташкил намудани намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ аз қабили созтарошӣ, кандакорӣ ва заргарӣ, ташкил намудани сафарҳои ҳунарии ансамблҳои тарона ва рақсии кишварҳо, баргузор намудани машварату семинарҳои муштарак роҷеъ ба созмон додани китобхонаву музейҳо ва беҳбуд бахшидани фаъолияти онҳо ва чопи маводи зарурӣ барои муассисоти таълимӣ ва давлатии кишвари Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дода шудаанд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангии Тоҷикистон бо Афғонистон дар пояи меъёрҳои байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфта, ҳамасола тақвият ёфта истодаанд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб салому эҳтироми ҷониби афғонистониро ба ин ҷониб расонида, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои фарҳангии тоҷику афғон аз умқи таърих сарчашма гирифта, дорои муштаракоти ғании фарҳангӣ ва забонӣ мебошанд. Мавсуф қайд намуд, ки Ҳукумати Афғонистон ва мардуми афғон хостори рушду тақвият ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ бо мардуми ҳамзабони худ тоҷикон буда, омодагии он ҷонибро барои ҳамкориҳои фарҳангии муштарак баён намуд.

29-30 марти соли 2021 баргузории Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Дар конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ иштирок хоҳанд кард.

2.03.21v2 2.03.21v3 2.03.21v5 2.03.21v42.03.21v62.03.21v7   

Вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
Муовини вазири кор
ҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон