Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 06:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмунҳо: боз дар пайи дарёфти истеъдодҳои нав

Дар ду даври озмунҳои қаблии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки давоми солҳои 2019 ва 2020 доир гаштанд, беҳтарин иштирокчиён муайян карда шуд. Инак, ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ амрҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” ба тасвиб расиданд.

Аз Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ (26-январи соли 2021) бармеояд, ки озмунҳои доиршуда дар беҳтар гаштани сатҳу сифати таълим дар макотиби таҳсилоти миёнаву олӣ, ҳамчунин дар байни хонандагону толибилмону унвонҷӯён натиҷаҳои зиёдро ба амал овардааст.

Сардори давлатамон зимни ироаи Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем”.

Дар партави ҳамин сиёсат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 феврали соли равон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар бораи гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” амрҳо имзо карданд.

Дар низомномаҳо талабот ба ҳар як озмун равшану возеҳ шарҳ дода шудааст. Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд доир карда мешавад.

Дар се номинатсияи ин озмун (композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ) асарҳое пешниҳод мегарданд, ки ба мавзӯъҳои зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ, тараннуми симоҳои барҷастаи миллӣ ва дигар мавзӯъҳо бахшида шудаанд.

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсосоти худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ғайра барпо карда мешавад.

Ин озмунро аз рӯи панҷ номинатсия (адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср) ҳакамон баҳогузорӣ мекунанд.

Ҷолиб аст, ки шумораи иштирокчиёни ин даври озмун ва мавзӯоти он зиёд карда шудааст.

Дар Низомномаи “Илм – фурӯғи маърифат” таъкид мегардад, ки “он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” гузаронда мешавад.

Озмуни номбурда аз рӯи ҳафт номинатсия (математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкорию навоварӣ) баргузор мегардад.

Як бартарии озмунҳои имсола он аст, ки ба шаффофияти гузаронидани он эътибори махсус дода шудааст. Масалан, ҳайати комиссияҳои ҳар як озмун, адабиётҳои тавсияшуда ҳаҷми ҷоизаҳо, меъёрҳои арзёбии ғолибони озмун ва ҳавасмандгардонии онҳо муайян карда шудааст.

Саодат Ҳайдарзода,
Сармуҳаррири МД “Маҷаллаи Истиқбол”