Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 07:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” – ИҚДОМИ БЕНАЗИРИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки инак, соли сеюм аст бо ташаббуси миллатдӯстонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ва ниҳоят бошукӯҳ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат баргузор мегардад, ба ҳадафҳои накӯи хеш ноил гардида истодааст.

Озмуни ҷумҳуриявии мазкур барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқиҳои нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон равона гардидааст. Ҳамчунин, тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик, оммавигардонии равияҳои гуногуни мусиқии касбии тоҷик, фароҳам овардани шароит баҳри дарёфти истеъдодҳо ва гурӯҳҳои ҳунарӣ дар байни наврасону ҷавонон дар самти равияҳои гуногуни жанрҳои сарояндагӣ, мусоидат ба ташаккули завқи зебоипарастӣ ва баланд бардоштани малакаи иҷрокунандагӣ, дарёфти роҳҳои нави ғанӣ ва мукаммал гардонидани барномаҳои ҳунарии сарояндагон бо асарҳои нав, баланд бардоштани нуфузи мусиқии касбӣ ва анъанавии тоҷик аз ҳадафҳои наҷиби он аст.

Ҳамзамон, озмуни мазкур ба ташаккули раванди эҷодӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав, тарғибу ташвиқи ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии миллӣ, тарғиби ашъори шоирони классику муоссир, омода намудани онҳо ба озмуну фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ, инъикоси дастовардҳои замони истиқлол ва дар ин замина тарбияи худшиносиву хештаншиносии миллӣ, тарбияи маънавии ҷомеа дар даврони бархӯрди тамаддун ва ҷаҳонишавии фарҳангҳо мусоидат менамояд.

Тавре ҳамаи мо шоҳид будем, иштирокдорону ғолибони озмуни мазкур дар солҳои сипаришуда пас аз анҷоми озмун таассуроти хешро иброз дошта, таъкид намуданд, ки худро хеле хушбахт мешуморанд, ки соли равон дар номинатсияҳои озмуни мазкур ширкат варзида, дар даври ниҳоии он сазовори мақомҳои шоиставу ифтихорӣ гардиданд. Онҳо аз он меболанд, ки имрӯз дар сатҳи Роҳбарияти олии мамлакат ба рушди санъату фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад ва маҳсули ҳунари воло ҳамеша дар мадди назар асту қадршиносӣ мегардад.

Воқеан ҳам, шоистаи тавсифу ифтихор ва сипосгузорӣ аст, ки ба эҳёву рушди ҳунару анъанаҳои миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ бевосита дастур медиҳанд ва ҳамин аст, ки амалҳои накӯе дар ин самт сурат мегиранд.

Мавриди таъкид аст, ки ҳар номинатсияи озмун дорои талаботи махсуси касбӣ буда, зимни иҷрою таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг аз ҷониби ҳайати ҳакамон ҳамаи нозукиҳои тахассусӣ ба инобат гирифта мешавад. Аз ин рӯ, иштирок ва ғолибият дар озмун нишони завқи баланд ва маҳорати волои ҳар як иштирокчӣ аст.

Бо назардошти ин ҳама, иштирокчиён бар он мекӯшанд, ки маҳорати волои худро ба озмун пешниҳод намуда, ҳамзамон, пас аз иштирок боз ҳам пайи такмилу сайқали ҳунару маҳорати хеш бошанд.

Ҷанбаи дигари муҳимми озмун, аз нигоҳи мо, ин боз ҳам бештар шудани ҳисси масъулият дар вуҷуди устодону омӯзгорони он шогирдонест, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, зеро иштироки муваффақонаи хонанда ва ё донишҷӯ ва ғолиб гардидани ӯ пеш аз ҳама, агар муваффақияти худи ӯ бошад, аз ҷониби дигар, ифтихори устоду муассисаи таълимиест, ки ӯ дар он таҳсил мекунад. Аз ин ҷост, ки бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки ҳадафҳои накӯи озмун марҳила ба марҳила амалӣ хоҳанд шуд ва завқи зебоипарастии аҷдодӣ боз ба мақоми волои хеш хоҳад расид.

Таъкидан изҳор медорем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни пурифтихору муқаддаси миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои муаззами миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор мегардад, ба ҳар як ғолиби он тақдими диплом ва мукофотҳои пулии ҳаҷман калонро пешбинӣ мекунад. Чунин таваҷҷуҳ ва ҳавасмандгардонӣ боиси рӯҳбаландии ҳунармандон ва сайқали ҳунару маҳорати онҳо хоҳад буд.

Хушдил РАҲИМҶОНОВ,
сармуҳаррири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”