Сомонаи пешина | Пш, 22 Апрел 2021 / 07:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти синфии Раҳматулло Ҳошимов

25-уми феврал дар «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода» бо ибтикори кафедраи сарояндагӣ (халқӣ)-и факултаи санъати мусиқии мардумӣ консерти синфии Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов баргузор гардид.

Дар консерт ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовинони ректор, декани факулаҳо ва устодону кормандони донишкада иштирок намуда, ҳунарнамоии донишҷӯёнро гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.

Раҳматулло Ҳошимов ҳозиринро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки мақсад аз ташкил ва баргузор намудани консерти синфӣ тақвият бахшидани ҳунари сарояндагии донишҷӯён ва шинос намудани онҳо бо нозукиҳои чӣ гуна дар саҳна рӯ ба рӯ бо тамошобинон ҳунарнамоӣ кардан мебошад. Барномаи консертӣ аз 13 суруд иборат буда, сурудҳои «Фалаки даштӣ», аз рубоиёти Муҳаммад Ғойиб ва Ашӯр Сафар, оҳанги халқ, «Шаҳсавор», шеърҳо аз Мирзо Файзалӣ ва Камол Насрулло, оҳанги Раҳматулло Ҳошимов, «Фурсати умр», шеъри Бедил, оҳанги Одина Ҳошим, «Зоҳиди хилватнишин», шеъри Ҳофизи Шерозӣ, оҳанги халқ ва ғайраҳоро дар бар гирифта, аз тарафи донишҷӯён иҷро гардиданд.

Дар ҷамъбаст Муҳриддин Низомӣ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба муваффақият ва камбудиҳои ҳунари сарояндагии донишҷӯён иброз намуда, ба онҳо маслиҳат ва тавсияҳои муфид дод. Масуф, инчунин тазаккур дод, ки барои боз ҳам рушд намудани ҳунари суханвариву сарояндагӣ бояд ҳар як донишҷӯ аз нозукиҳои шеър, аз қабили маъно, вазн ва арӯз огоҳ бошад. Ҳамзамон, ба донишҷӯён комёбӣ таманно намуда, дар умум ҳунари сарояндагии онҳоро мусбат баҳогузорӣ намуд.

Синои Абӯалӣ