Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 08:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

УФУҚҲОИ СИЁСАТИ КИТОБДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба ҳамаи соҳаҳо, бахусус соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, рушду такомули соҳаро дар меҳвари фаъолият қарор доданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар муддати бистунуҳ соли истиқлолият роҳбарияти олии мамлакат дар баробари ҳаллу фасли ҳазорҳо масоили муҳимму мубрами сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба соҳаҳои маориф ва фарҳанг низ дар доираи имкониятҳои мавҷуда таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуд. Дар ин радиф соҳаи китобдории ҷумҳурӣ низ истисно набуд. Аз ҷумла, ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ «…ба шарофати ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба китоб ва тарғибу ташвиқи он дар кишвар ба ҳукми анъана даромада, ба ҷузъи ҳаёти фарҳангии ҳар як шахс ва ҷомеаи навини Тоҷикистон табдил ёфтааст».

Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба фарҳанг, аз ҷумла китоб буд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1992 «Консепсияи инкишофи маданияти Тоҷикистон» -ро таҳия ва қабул намуд, ки дар он дар баробари дигар бахшу самтҳои фарҳанг ба барқарорсозӣ ва таъмини рушди китобхонаҳои кишвар низ аҳамияти хоса дода шудааст.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, аҳаммият ва вижагии ин ҳуҷҷати меъёрии дар доираи сиёсати фарҳангии давлати тозаистиқлол арзи ҳастӣ карда «барои таҳияи як силсила ҳуҷҷати қонунгузории миллӣ дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ мусоидат намуд».

Масалан, соли 1997 Парламенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»-ро қабул намуд, ки ин санади ҳуқуқӣ тамоми самтҳои соҳаи фарҳангро дар доираи аҳкоми қонунгузорӣ ба танзим дароварда, барои рушду такомули минбаъдаи натанҳо муассисаҳои фарҳангии давлатӣ, инчунин таъсиси муассиса ва корхонаҳои хусусӣ дар ин соҳа низ заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (2002), «Дар бораи иттилоот» (2002), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), инчунин «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2005) ва «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютерикунонии китобхонаҳои давлатии оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020», аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки барои тадриҷан аз буҳрони амиқ баровардан ва рӯй ба самти инкишоф ниҳодани соҳаи китобдории кишвар нақши муҳим бозиданд.

Иқдоми дигаре, ки дар таблиғу ташвиқи китобу китобхонӣ ва китобдорӣ нақши муҳим дорад – ин бо ибтикори Пешвои миллат ба тақвими иду ҷашнҳои миллӣ ворид кардани санаи 4 сентябр аст, ки ҳар сол ҳамчун «Рӯзи китоб» қайд мешавад.

Тайи ду соли охир бо ибтикор ва таҳти сарпарастии Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ташкил ва баргузор карда мешаванд, ки ҳадафи ниҳоии онҳо аз гиромидошт ва арҷгузорӣ ба китоб иборат мебошад.

Бо итминони комил метавонем намоем, ки ибтикороти маърифатпарваронаи Пешвои миллат ба вазъи соҳаи китобдорию бедор кардани шавқу рағбати шаҳрвандони кишвар ба китобхонӣ таъсири назарраси мусбат расонида, зиёиён, толибилмон, падару модарон, омӯзгорон ва дигар табақаҳои аҳолиро ба харидории китоб бештар моил карда, бозори фурӯши китобро, ки тайи даҳсолаҳо дар ҳоли нисбатан карахтӣ қарор дошт, то андозаи муайян серхаридор гардонид.

Ҳамин тариқ, метавон натиҷагирӣ намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи китобдорӣ лаҳзае аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, дар ҳолати рушди пайваста қарор гирифтааст.

Холов Б. С. номзади илмҳои педагогӣ,
дотсент МДТ “ДДФСТ ба номи М. Турсунзода”