Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 08:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи китобдорӣ ва бойгонишиносӣ

Бо ташаббуси факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» баргузор гардид.

Дар маҳфил ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, котиби ҳамоҳангсозии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Саидов Нуралӣ Шамсович, ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, и.в. профессор Фарҳод Мирахмедов ширкат варзиданд.

Ба маҳфил мудири кафедраи бойгонишиносӣ номзади илмҳои таърих Мамадазимова Майрам ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадафи асосии баргузории маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» ҷалби ҳарчи бештари магистрантон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯён ба пажӯҳиш ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

Муҳриддин Низомӣ зимни суханронии хеш зикр намуд, ки тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва ҳунар дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, роҳбарияти олии мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Мавсуф афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, ба вижа китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Сипас, котиби ҳамоҳангсозии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Саидов Нуралӣ Шамсович қайд намуданд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ хеле пеш рафта, дар низоми арзишҳои маънавии ҷомеа мақоми шоиста ва устувор касб кардаанд. Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати маорифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардида, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ватанӣ ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш ташаккул ёфта, дар байни афкори китобдории ҷаҳон мақом ва мавқеи устувор пайдо намуданд.

Дар фазои озоди истиқлол барои инкишофи соҳаи китобдории миллӣ заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва моддӣ-техникӣ фароҳам омада, дар ин замина олимону мутахассисони соҳа асосҳои методологӣ ва назариявии онро таҳқиқ намуда, барои ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш арзи вуҷуд намудани бахшҳои алоҳидаи он пажӯҳишҳои арзандаро анҷом доданд.

Зимни суханронии хеш магистри кафедраи бойгонишиносӣ Хоҷамов Фурқат қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ва рушду камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон, аз ҷумла дар самти ҷалби онҳо ба корҳои илмю эҷодӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар ин радиф ба тасвиб расидан ва мавриди татбиқ қарор гирифтани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис додани стипендияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таъсис ёфтани “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ” барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоёнро анҷом додаанд ва фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷиро метавон номбар намуд.

Носиров Ҷурабек донишҷӯи соли чоруми ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ зимни баррасии мавзӯи «Мушоҳидаҳо оид ба Стратегияи рушди сиёсати давлатии ҷавонон» қайд намуд, ки дар Паёми хеш ба мақоми олии қонунбарори мамлакат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро давомдиҳандагони фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари онҳо яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати кишвар ба шумор меравад.

Дар ҷамъбасти кори маҳфил иштирокчиён иқдоми МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» оид ба барасии нуктаҳои Паёми Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки баррасии нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар сохторҳои донишкада идома дорад.

Наботов ШАРИФ,
муовини декани факултаи
китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ


25

7

 6 23.02.2123.02.21.1