Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 08:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов аз олам даргузашт

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Ҳунарманди маъруф аз солҳои 60-уми асри гузашта рӯи саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ беш аз 60 нақш офаридааст.

Носир Ҳасанов 11 августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёии бухороӣ ба дунё омада, соли 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскии шаҳри Москва (ГИТИС) –ро хатм намудааст.

Аввал актёри Театри мазҳакаи мусиқӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ (1960-1961) буд ва аз соли 1961 то вопасин рӯзи зиндагиаш дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёр кор мекард. Образҳои офаридаи Носир Ҳасанов Маҳмад («Нурхон»-и К. Яшин, 1961), Раҳмат («Ҳукми модар», 1963), Хуршед («Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ, 1964), Карим («Хуррият», 1964), Масхарабоз («Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ. Абдулло, 1967), Бобо Шодӣ («Дилҳои сӯзон»-и Ҷ. Икромӣ, 1967), Саша («Корвони бахт»-и М. Миршакар, 1970), Файзулло Хӯҷаев («Сарбозони Инқилоб»-и Ғ. Абдулло, 1970), Оқйигит («Шаби гирифтаи моҳ»-и М. Карим, 1972), Шокирхон («Зебуннисо»-и Ш. Қиёмов ва Ш. Мастон, 1977), Освалд («Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, 1982), Муллоазим («Вопасин арӯси амиралмуъминин-и» Ф. Муҳаммадиев, 1983), Толибов («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров, 1984), Загареский («Дод аз дасти ақл»-и Н. Грибоедов, 1988) ва ғайра аз қабили беҳтарин образҳо дар саҳнаи театри тоҷик баршумурда шуда, дар дилу дидаи садҳо ҳазор тамошобинон ҷой гирифтаанд.

Носир Ҳасанов дар инкишофи санъати кинои тоҷик низ ҳиссагузорӣ карда, нақшҳои Сафархӯҷа («Бачаҳои Помир», 1967), Қарошир («Ниссо», 1966), Носир («Ҳасани аробакаш», 1966), Дадаҷон («Ҷӯра — саркор», 1970), Мудири анбор («Асрори оила»,1984)-ро хеле ҷозибанок офаридааст.

Мавсуф аз соли 1963 узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ва Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон (1968) ва дорандаи унвонҳои ифтихории «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» (1974), «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» (1990) буд.