Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 08:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МАСЪАЛАИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ИМСОЛА ВА СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

«Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст».

(аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 26.01.2021)

Масъалаи эҳё, тавсеа ва рушди ҷашнҳои миллӣ яке рукнҳои худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт ва ба чорчӯбаи фаъолиятҳои мондагори Роҳбари давлат ворид гашт. Дубора зинда кардани ҷашнҳои Меҳргону Сада ва Тиргон ба мақсаду мароми халқи тоҷик мувофиқ буд. Аммо ба ҷуз аз Наврӯз ин се ҷашни дигар дар асрҳои миёна баҳукми фаромӯшӣ рафта, танҳо дар байни мардум нишонаву боқимондаҳои онҳо маъмул буданд. Дар бораи таъриху шеваи баргузорӣ ва суннатҳои Меҳргону Сада ва Тиргон ба ҷуз баъзе аз олимону фарҳангиён дигарон маълумоти кофӣ надоштанд.

Дар робита ба ҷашнҳо нахустин вазифае, ки Пешвои миллат ҳамчун фарзанди содиқи миллати тоҷик дар назди худ гузошта буданд, ин афзудани шаъну шукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз ва баҷашни ҷаҳонӣ табдил додани он буд. Бо саъю талошҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ором шудани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ва аввалан таҷлили ҷашни Наврӯз дар қаламрави кишвар ба таври васеъ ва ҳамагонӣ ба роҳ монда шуд. Бисёр суннатҳои марбут ба Наврӯз барқарор шуда, бо тадбирҳои наву иловагӣ тобишу ороиши ин ҷашн дучанд гашт.

Пас аз Наврӯз навбат ба Меҳргон, сипас ба Сада ва ниҳоят ба Тиргон расид. Пешвои миллат дар паёмҳои ҳамасола ва суханрониҳои гуногуни худ аз ҷашнҳои миллӣ ва фарҳанги бостонии ниёгони мо ёдовар шуда, ба такрор таъкид мекарданд, ки олимони мо бояд ин ҷашнҳоро беҳтару амиқтар омӯзишу пажӯҳиш карда, натиҷаашонро ба мардум пешкаш намоянд. Чунончи, соли 2019 дар сухани табрикотии бахшида ба ҷашни Сада Роҳбари давлат омӯзишу таҳқиқи ин ҷашнро ба олимон супориш дода, аз он ҷумла қайд намуданд, ки « ... ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлўҳои норавшан ва аҳаммияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд».

Ин ойинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳамагуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд.

«Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд. Ин ҷашнҳо рамзи сарҷамъии мардуми заҳматкаш ва ҳамдиливу инсондӯстӣ мебошанд».

Ҷашнҳо ифодакунандаи қудумати тамаддуни миллати тоҷик дар таърих маҳсуб мешаванд. Ҷашнҳои миллӣ решаҳои таърихии фарҳанги тоҷикон мебошанд ва тақвияти онҳо идомаи бақои миллат аст.

Мо бояд бикӯшем, то ҷашнҳо ва намунаҳои беҳтарини санъату фарҳанги мо ҷаҳонӣ шаванд, обрӯю нуфузи ҷумҳурии мо ва миллати тоҷик дар ҷаҳон ҳамчун миллати фарҳангофар ва кишвари фарҳангпарвар боло равад. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат иброз кардаанд: «Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад».

Дилшод Раҳимӣ 
Номзади илмҳои филологӣ, 
Директори Пажӯҳишгоҳи 
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот