Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 08:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Паём - умедбахши фардои нек

Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба мазмуну муҳтавои хеш ба сӯи фардои нек ҳидоят менамояд. Дар Паёми имсола низ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои оянда муайян гардида, оид ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, хусусан таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас бамиён гузоштанд.

Президенти мамлакат илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дарсолҳои 2020 – 2040 «Бист солаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳмгузор бошанд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Паёми хеш аз дастовардҳои соли равон ва солҳои қаблӣ ёдрас намуда, барои оянда дастуру супоришҳои судманд ироа карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Махсусан, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблї эълон гардидани соли 2019-2021 «Солњои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо хушнудии беандоза пазируфта шуд.

Ҳамчунин дар соли 2020–ум бо чорабиниҳои басо муҳимму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо рӯйдодҳои басо ҷолиб ворид гардид. Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 –солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил кардем.

Тавре дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқи созанда хизмат кардаанд.

Пешвои миллат, аз давраи аввали истиқлолияти кишварамон ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан, соҳаҳои илму маориф ватандурустӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Масъалаҳои асосии низоми имрӯзаи таълимоти Тоҷикистон сифати таълим, дастрасии таълимот ва таълимоти бетанаффус мебошад. Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Роҳбари давлат низ хотиррасон карданд, ки дар кишварамон 41 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо 245 ҳазор донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони касбӣ ва тарбияи кадрҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад, махсусан, ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шавад. Барои рушди илму маориф, ҳавасмандгардонӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

Албатта, чунин ғамхориҳо барои самаранокии корҳои илмии олимону муҳаққиқони ҷавон такони ҷиддӣ мебахшад.

Самти дигари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлатамон дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, махсусан, нафақахӯрону маъюбон, пиронсолону бепарасторон, ятимон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Сатҳи инкишофи ҷомеа, нуфузу мақоми миллату давлат, пеш аз ҳама, аз вазъи иҷтимоии гурӯҳҳои эҳтиёҷманд вобастагии калон дорад.

Имрӯз масъалаи ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, махсусан, кӯдакони ятиму бепарастор яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро дар шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, заиф гаштани таъсири урфу одат ва анъанаҳои инсондӯстонаи аҷдодии мо кӯдкони ятиму бепарастор ва оилаҳои онҳо аз ҳар вақта зиёдтар ба ҳифзу дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд. Ҳукумати кишвар барои дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.

Бо мақсади идомаи дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18 – сола ба андозаи 20 фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароитҳои зиндагонии иҷтимои имаъюбон беҳтар гардад.

Ҳамчунин дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ва соҳибкорони бонангу номусаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем.

Эҳё ва рушд додани ҳунарҳои мардумӣ низ барои зинда гардонидани ҳунарҳои ниёгонамон ва нигоҳ доштану анъанаҳои миллӣ ва муаррифии кишвари азизамон Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа нақши муҳим дорад.

Мо устодону омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз иқдомоти ҷиддии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи илму фарҳанг роҳандозӣ кардаанд ва ислоҳоту навсозиро босуръат пешбурда истодаанд, истиқбол мекунем. Паёми тозаироашуда ба устодону донишҷӯёни Донишкада илҳоми тозаи эҷодӣ бахшид ва тасмим гирифтаем, ки барои тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои: дизайнерӣ, кандакорӣ, заргарӣ, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва рассомӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Субҳон Усмонов, омӯзгори Донишкадаи 
давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон