Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 07:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ИЖТ: Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти Ҷоизаи ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ идома дорад

Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аъзои Иттифоқ мерасонад, ки қабули мавод барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2020 идома дорад.

Тибқи Низомномаи Ҷоиза озмуни эҷодии мазкур дар чор бахш-матбуоти даврӣ, телевизион, радио, пажӯҳиш дар соҳаи ВАО гузаронида мешавад.  Онҳое, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, бояд собиқаи беш аз 5- солаи узвият дар ИЖТ-ро дошта бошанд, иттилоъ медиҳад Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Ба озмун маводе, ки аз 12 марти соли 2020 то 1 феврали соли 2021 дар матбуот, оҷонсиҳои иттилоотӣ, телевизион, радио  ба табъ расидаанд, бояд пешниҳод гарданд. Дар номинатсияи пажуҳиш дар ВАО китоб ё дастури таълимӣ қабул карда мешавад.

Довталабон бояд маводи зеринро пешниҳод созанд: нусха аз суратҷаласаи ташкилоти ибтидоии ИЖТ, ки номзадро пешниҳод кардааст. Намунаи маводи пешниҳодшаванда – 9 нусха, маълумотнома оид ба пахши мавод дар ТВ ё радио, нусхаи шиноснома, нусхаи ҳуҷҷати узвияти ИЖТ, сурати 3х 4- 2 дона, 1 дона 9х12.

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25, ошёнаи 1, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳар рӯз аз соати 10.00 то соати 16.00 қабул карда мешаванд.

Муҳлати ниҳоии қабули мавод то 28 феврали соли 2021 идома ёфта, ҷоиза ба ғолибон 11 март дар Рӯзи матбуоти тоҷик супорида мешавад.