Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 07:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Баъд аз ироаи Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки онҳо ҳар ҳафта оид ба дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлатва равандиамалӣ гардидани онҳо тадбирҳоимуассир меандешанд.

Таҷлили 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то рафт наздик мешавад. Аллакай ба ин муносибат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди амал қарор гирифтанд. Албатта ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳумҳои ормонҳои миллӣ, истиқлол, озодӣ, демократия барои ҳар як сиёсатмадору зиёӣ, олиму муҳаққиқ ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшан аст ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда, ҳаракат барои пешрафти бештари мамлакат дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ суръати нав пайдо менамояд. Зикри ин нукта бағоят муҳим аст, ки баҳри ба истиқлоли комил расидану чун давлати мустақил эътироф гардидани Тоҷикистон заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расидан ба истиқлоли худ ба ҷаҳониён пайғом дод ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид.

Маҳз ба шарофати Истиқлолият Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо намуда, аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гардад. Тоҷикистон имрӯз бо 176 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки ин ҳама барои мо ифтихори баланд аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Прези- денти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷумла зикр намуданд, ки: «Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёдва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд».

Имрӯз Тоҷикистон ва кулли давлатҳои дунё дар шароите қарор доранд, ки ҷаҳонишавӣ ба раванди ҳокими таҳаввулоти сайёра мубаддал гардидааст. Он ҳам барои рушди иқтисодиву технологӣ миёни давлатҳо имкониятҳои бузург фароҳам меорад ва ҳам метавонад боиси тезутундшавии масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ, инчунин торафт бештар гардидани нобаробарии иҷтимоии мардум ва шиддат гирифтани буҳрони маънавии ҷомеаи ҷаҳон гардад.

Имрӯз вабои асри 21, Ковид-19 башариятро бо таҳдид ва хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Аз ин рӯ, тамоми давлатҳоро сарҷамъона ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ талош менамоянд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзанд, ки дар мубориза бо ин бемории ҳамагир тадбирҳои амалӣ андешида шаванд ва ҳамватанони мо дар дохилу берун аз ҳудуди кишвар аз ин сироят эмин бошанд. Маҳз тавассути сиёсати дурбинона ва ташаббусҳои миллатдӯстонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста ба вазъияти душвор як қисми ҳамватанони мо аз Россия, Қазоқистон, Туркия, Аврупо, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо ба Ватан баргардонида шуданд. Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад, ки: «Дар ин давраи хеле ҳассос барои ҷаҳониён барои сари вақт пешгирӣ ва табобатибемории сироатии КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистонбеш аз 30 беморхона, бо 7 ҳазор кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар карда шуданд. Илова бар ин дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуданд. Ин ҳама талошҳои аз он далолат медиҳанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солим ва пешгирии ҳар гуна офату сироятҳо метавонад, ки оҷилан чораҳои амиқ андешад».

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муайянсозанда ва танзимкунандаи усулҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии мамлакат таҳия гардидаву ба тасвиб расиданд, ки бар асари он ғояҳои бунёдии консепсияи сиёсати хориҷӣ аҳаммияту арзиши хосаи худро то ҳол ҳифз намуданд.

Роҳи пурифтихори тайкардаи давлати мо тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осон набуд.

Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали омадани худ ба сари қудрат равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамёрӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон, балки ҳамчун заминаи муҳимми таъмини амният ва суботи давлат муайян намуд.

Бо талошу кӯшиши пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, Машварати Ҳамкорӣ ва Эътимод дар Осиё ва ғайра ширкати фаъолона дорад.

Президенти Тоҷикистон самтҳои пешрафти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мушаххас намуда, бо дар назар гирифтани мавқеияти ҷуғрофию геосиёсӣ, манфиатҳои миллӣ ва инчунин омилҳое, аз қабили равобити фарҳангиву таърихӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва яксон будани манфиатҳо равобити дӯстонаи Тоҷикистонро бо ҳамаи кишварҳо танзим намуд.

Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» эълоннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро дар ин раванд имконпазир мешуморад.

Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси худро дошта, ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ибтикороти Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон баёнгари мавқеи хоссаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯйи баланди Президенти Тоҷикистон дар назди маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон мебошад.

Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сафарҳои хориҷии хеш ва хосса, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид борҳо оид ба масъалаҳои об ва ҳифзи муҳити зист, пешгирии обшавии пиряхҳо, пешгирии бемориҳое, ки бинобар камбуди об ва олуда шудани он ба миён меоянд, сухан гуфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки инак он дар ҷараёни татбиққарор дорад.

Ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва кӯҳнашудаи он раҳо карда, назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ пайгирӣ мекунанд.

Ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, оғози татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак, оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, оғози навсозии роҳи Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” аз рӯйдодҳои муҳимме маҳсуб меёбанд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Тоҷикистон сахми муассир гузоштанд.

Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, бо шурӯи рисолати олии тамаддунсозии хеш, бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги муосири сиёсӣ фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, боназардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд.

Мо, итминони комил дорем, ки Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои наздик бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи баланди созандаи мардум, дар заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҳамкории густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои аз ин ҳам бештар даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоиста касб менамояд. Ин равандҳои созанда ва ташаббусҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар миёни халқ маҳбуб гардонидааст. Мардум ва аҳли зиёи кишвар ба ин абармарди дунёи сиёсату маърифат эътимоду боварӣ доранд, зеро вай дар замони роҳбарии хеш ҳар як амали хайр ва иқдомеро, ки пеша кардааст, онҳоро сарбаландона иҷро карда, Ватани маҳбубро аз вартаи парокандагӣ наҷот дода, дар як муддати кӯтоҳ онро ба як кишвари рӯ ба рушд табдил додааст. Инчунин, сатҳи маърифатнокииҷомеаро боло бурда, дар татбиқи таҳаввулоти маданӣ нақши муассир бозидааст. Дар баробари ин, мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, халқи тоҷикро зафарманд намудааст.

Ғуломзода Қурбон – директори Муассисаи нашриявии «Ирфон»
Абдураҳмонзода Абдувалӣ, Саидмурод Рабизода кормандони МН «Ирфон»