Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 07:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Паёми Пешвои миллат – роҳнамои аҳли фарҳанг

17 феврали соли 2021 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои аҳли фарҳанг” Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Коференсияро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳимзода Курбоналӣ ифтитоҳ бахшид.

Сипас, дар мавзӯи “Масъалаи ҷашнҳои миллӣ дар Паёми имсола ва суханрониҳои Пешвои миллат” номзади илмҳои филологӣ, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ баромад намуд. Дар мавзӯҳои “Масолили рушди фарҳанг дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” - профессори КМТ ба номи Т.Сатторов Сайфулло Сафаров, “Баррасии масоили илму маориф ва фарҳанг дар Паёми Пешвои миллат” - номзади илмҳои педагогӣ, муовини ПИТФИ Шариф Комилзода, “Фарҳанг – рукни бунёдӣ ва рози бақои миллат” – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода Алишер Афғонов, “Уфуқҳои сиёсати китобдории Пешвои миллат” номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Бозорбой Холов, “Паёми умедбахши фардои нек”, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Субҳон Усмонов баромад намуданд.

Дар бахши мубодилаи афкор доир ба мавзӯи конференсия сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг Шералиев Раҳмоналӣ фикру андешаҳои хешро иброз намуд.