Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 08:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

12 феврали соли 2021 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 40 нафар намояндагони васоити оммаи ватаниву хориҷӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2020 нишасти матбуотӣ багузор гардид.

Нишасти матбуотӣ бо сухани ифтитоҳии Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода оғоз гардида, барои шиносоии рӯзноманигорон аз натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2020 варақаҳои иттиллоотӣ пешниҳод карда шуд.

Дар нишаст Зулфия Давлатзода оид ба дастовардҳои назаррастарин ва норасоиҳои ҷойдошта дар соҳаи фарҳанг дар соли 2020, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, нишондиҳандаҳои соҳаи табъу нашр ва илму таҳсил, инчунин ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба рӯзноманигорон маълумоти мушаххас дод.

Сипас, рӯзноманигорон оид ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти вазорат суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дарёфт намуданд.