Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 08:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

РОҲБАРИ ҒАМХОРУ ДИЛСӮЗ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон ғамхорӣ зоҳир мекарданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамаи мо шоҳидем, ки барои хуб шудани шарту шароит ва зиндагии шоистаи ятимону бепарасторон диққати хосса зоҳир менамоянд. Онҳо низ аз чунин ғамхориҳои беандозаи Пешвои миллат худро дар ҷомеа танҳову бекас эҳсос намекунанд ва хушҳолу хушбахт аз он ҳастанд, ки чунин саробони ҳалиму меҳрубон ва дилсӯзу ғамхор доранд.

То имрӯз наздики 50 ҳазор нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки барои нигоҳубини онҳо дар тамоми манотиқи кишвар 77 ятимхона бунёд гардидааст. Дар ин маконҳо ятимон дар беҳтарин шароит бо меҳру муҳаббати бузург нигоҳубин шуда, аз афсурдагиву ғам дар каноранд. Маҳз сиёсати ятимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорад, ки онҳо заррае дарди бекасиро эҳсос намуда, аз ятимии худ ёд кунанд, балки дар ятимхонаҳо илм меомӯзанду дониш аз бар мекунанд. Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ гуфта буданд: «Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям».

Ин нуқтаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид карданд ва бори дигар иброз доштанд: «Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд».

Идомаи чунин ғамхориву дастгирии мунтазами Роҳбари давлат аст, ки дар Паёми имсолаи худ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки се мактаб-интернати президентӣ барои ятимон дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе бунёд шавад. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё шавад. Инчунин, ба Ҳукумати мамлакат, вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ятимон ва бепарасторон ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллатро дар ҳар нафас эҳсос мекунанд ва боре ба мушкилӣ мувоҷеҳ нашудаанд. Онҳо ба ин андешаанд, ки дастгириҳои Хукумати кишвар ва Пешвои миллат ба мо ятимон, ки муттакои асосии мо ҳастанд, моро ба ҳама хостаҳоямон мерасонад.

Хушбахтона, тамоми шароиту имконот ҷиҳати илмомӯзӣ ва зиндагии шоиста барои ятимон муҳайёст. Аз рисолати инсонист, ки агар ятимеро дар ҳолати нороҳатӣ ва афсурдагӣ бинад, ӯро хурсанд ва эҳсоси бекасиву ятимиро аз ӯ дур кунад. Гузаштагони мо дар ҳузури ятимон ҳатто сила кардани сари фарзанди хешро нораво донистанд. Ятим будан ба хости кас вобаста нест, балки он амри тақдир ва қисмат мебошад...

Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки дарахт бо обу инсон бо меҳр месабзад. Фарзанди одам ҳамеша ба дилгармӣ ва ба меҳру муҳаббати самимӣ ниёз дорад. Алалхусус, дар ҳоле ки як нафар ятим мемонад, бештар ниёзманди меҳрубонӣ мешавад ва аз ин дида эҳсоси хуштаре нест, вақте ки инсон як ятимро хурсанду хандон месозад...

Шоистаи таъкид аст, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Тавре Роҳбари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд: “Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастгирии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”.

Роҳбари ғамхору дилсӯз дар Паёми имсолаи худ бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Инчунин, нафақаи кӯдакони маъюби то 18-сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Ин иқдомҳои наҷиб имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда боз ҳам беҳтар гардад. Чунин ташаббусу иқдомҳои ҷавонмардонаю инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳи онанд, ки дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар мадди назари Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Ҳасан АЗИЗОВ,
корманди МД маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”