Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 07:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАЁМ – РАҲНАМОИ ФАРДО

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилдию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ироа менамоянд.

Ин навбат Президенти кишвар вазъи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои муҳими кишварро мӯшикофона таҳлил намуда, ба мардуми кишвар роҳҳои баромадан аз буҳронро нишон доданд.

Дар оғози суханронии худ Президенти кишвар баён намуданд, ки «Соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон, яке аз солҳои вазнинтарин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуд. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид».

Бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳои зиёд ва паҳншавии вируси марговари КОВИД-19 дар сартосари ҷаҳон ҷумҳурии мо тавонист ба як қатор дастовардҳо ноил гардад. Аз ҷумла, иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣлба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Тавре Президенти кишвар иброз доштанд, имрӯз сарҳади бисёр кишварҳои олам баста шудааст ва ин сабабгори кам ворид гаштани маҳсулоти ниёзи аввали мардум мегардад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки аз захираҳои дохилӣ бештар истифода бурда, роҳҳои раҳоӣ аз буҳрони шадиди иқтисодиро худамон ҳал намоем. Президент аз ҷумла қайд карданд, ки «Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷиротақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад».

Бо вуҷуди дар сартосари ҷаҳон паҳншавии вируси марговар ва халалдор гаштани муносибатҳо бо шарикони рушд соли гузашта барои рушди соҳаҳои мухталифи кишвар сармоягузорони хориҷӣ саҳми муносиб гузоштанд. Президенти кишвар дар ин маврид таъкид карданд, ки «Ҳоло барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии кишвар 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 40 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар соли 2020–ум 29 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣнба имзо расонида шуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст».

Дар суханронии худ Президени кишвар дар хусуси истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ махсус таъкид намуданд, зеро он метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии ғанӣ гаштани буҷаи кишвар ва беҳ шудани зиндагии сокинони мамлакат гардад. Муҳтарам Эмомалӣ дар ин маврид таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад. Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест».

Яке аз дастовардҳои беназири кишвар таи солҳои соҳибистиқлолӣ беҳтар гаштани роҳҳои дохилӣ ва байналхалқист, ки инро коршиносони байналҳалқӣ низ эътироф кардаанд. Ин нукта дар Паёми Президент бамаврид зикр карда шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд. Дар ин раванд, мо бояд солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалиро сохта, ба истифода супорем».

Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, беҳбуд гаштани зиндагии аҳолӣ аз рушди ин соҳаи муҳим вобастагии зиёд дорад. Дар ин самт низ кишоварзон таи солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Тавре дар Паёми навбатӣ Президенти муҳтарам зикр намуданд, «Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд.Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст.Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст.Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст. Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст. Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад.Яъне, дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас бозида истодааст.Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд».

Баҳри дастгирии кишоварзон ва ғанӣ гаштани дастархони аҳолӣ Президенти мамлакат нисбати кормандони соҳаи кишоварзӣ ғамхории навбатӣ зоҳир намуданд ва пешниҳод карданд, ки «Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд».

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад ва баъзе кишварҳои олам аз ин ҳисоб соҳиби маблағи зиёд мегарданд ва ба ин васила ҳам кишварашон обод мешаваду ҳам мардум серу пур ва обрӯи он мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ боло меравад. Ин нукта дар суханронии Пешвои миллат махсус таъкид карда шуд. Президент зикр намуданд, ки «Имрӯз дар ҷаҳон сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019 – 2021–умро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст. Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд. Тайи солҳои 2018 – 2020–ум дар кишвар 145 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид».

Маориф яке аз соҳаҳои муҳим буда, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба он омили пешравии ҷомеа мебошад. Президенти кишвар дар тамоми мулоқоту сӯҳбатҳояшон ин нуктаро гаштаю баргашта таъкид менамоянд. Дар Паёми имсола низ ин масъала дар мадди аввал гузошта шуда буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст».

Президенти мамлакат мушкилиҳои ин соҳаро низ ёдрас шуданд ва ҳал гаштани саривақтии онҳоро талаб намуданд. Президент ёдрас шуданд, ки «Соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯзҷавобгӯ нест».

Президент пешравиҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ чунин зикр намуданд: «То замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст».

Ҳамасола роҳбари давлат нисбати донишҷӯёну аспиратнтҳо ва докторантҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Бо мақсади дастгирии молиявии ин қишри ҷомеа Президент пешниҳод ба миён гузоштанд, ки «Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад».

Баргузории озмунҳои умумиҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани маҳбуб» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ»-ро Президенти мамлакат воситаҳои беҳтарини пайдо ва қадрдонӣ намудани истеъдодҳо ном бурданд ва баҳри дастгирӣ намудани соҳибистеъдодҳо дар соҳаи илм ва технология чунин пешниҳод ба миён гузоштанд: «Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад».

Маъюбону гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ аз ғамхории доимии роҳбари давлат бархӯрдоранд. Баҳри беҳтар гаштани вазъи зиндагии ин қишри осебпазири ҷомеа Пешвои миллат боз як ғамхории дигар зоҳир намуданд. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешниҳод менамоям, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Нафақаи кӯдакони маъюби то 18- сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад. Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои бунёди се мактаб- интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд. Зарур аст, ки дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии Президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё карда шавад».

Дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар тамоми соҳаҳоро мавриди муҳокима қарор дода, ба масъулин супориш доданд, ки баҳри амалишавии онҳо тамоми чораҳоро андешанд, то ин ки зиндагии тамоми қишрҳои ҷомеа рӯ ба беҳбудӣ оварад. Сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як сокини ҷумҳурӣ ном бурда шуд.

Амалӣ гаштани дастуру ҳидолятҳои навбатии Пешвои миллат вазифаи ҳар як сокини бонангу ори мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ҷ. МИРЗО,
«Тоҷикистон»