Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 07:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МАШЪАЛАФРӮЗИ МАЪРИФАТ

Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат воқеан ҳам, дастури роҳнамои тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар аст, зеро дар онҳо аз фаъолият дар соли сипаришуда натиҷагирӣ гардида, барои соли равон ва дурнамои ояндаи рушди мамлакат дастуру супоришҳо дода мешаванд.

Паёми навбатӣ саршори андешаҳои ҳакимона ва таҳлилҳои ҳамаҷонибаю ҳидоятҳову ҳушдорҳои саривақтӣ буд. Аз ҷумла, иброз шуд, ки соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ яке аз солҳои аз ҳар ҷиҳат вазнин буд, чунки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёраро печида гардонида, онро ба буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ дучор сохт. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки имрӯз дар дунё давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад; мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид. Зикр шуд, ки паёмадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодааст. Таъкид шуд, ки дар чунин вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ Ҳукумати мамлакат барои пешгирии паёмадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии кишвар як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кард, ки натиҷаҳои дилхоҳ доданд. Вобаста ба ин ҳолат, Пешвои миллат ҳушдор доданд, ки хавфи ин бемории сироятӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, аз ин рӯ, ба ҳама ҳолат бояд омода буд, зеро эҳтимоли идома пайдо кардани вазъияти ногувори иқтисодии олам ҳаст.

Новобаста аз ин вазъият, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои беназири илму маърифатпарваронаи хеш ба руҳбаландию дилгармии ҳар чӣ бештари тамоми сокинони мамлакат, махсусан, ходимони илму маориф ва кормандони соҳаи фарҳанг мусоидат мекунанд.

Дар Паёми соли гузаштаи худ Пешвои миллат бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд. Барои татбиқи ин ташаббуси наҷиби Сарвари давлат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат бори дигар роҳбарияти вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки дар мавриди амалӣ намудани иқдоми мазкур ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва барои таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Яке аз иқдомоти наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ чун идомаи мантиқии ташаббусҳои оқилонаи пешинаашон (озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”) ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон эълони озмуни ҷумҳуриявии ҳамасола зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» аст. Роҳбари давлат изҳори умед карданд, ки дар ин озмун соҳибистеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Ҳамзамон, ба Ҳукумати мамлакат, вазорати маориф ва илм, маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунро аз рӯи интихобашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии миллат, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Мо низ ба амалишавии ин мақсадҳои олӣ эътимоди комил дорем, зеро дар кишвари соҳибистиқлоламон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳама шароитҳо барои рушду густариши илму маориф ва кашфи соҳибистеъдодҳо фароҳам аст.

Хушдил РАҲИМҶОНОВ,
сармуҳаррири МД маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”