Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 07:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мусобиқаҳо шурӯъ шуданд

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27.11.2020, ҳамзамон нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №13, банди 42 миёни вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили футболи хурд, волейбол ва тенниси рӯйимиз гузаронида мешавад.

Тайи чанд муддат пешниҳоди дархостҳо аз ҷониби дастаҳои мунтахаби вазорату идораҳо ҷараён дошт. Инак санаи 01.02.2021 дар бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қуръапартоии дастаҳо сурат гирифт. То ҳоло барои иштирок дар мусобиқаи мазкур 27 даста аз намуди футболи хурд, 10 даста аз намуди волейбол миёни мардон ва 6 даста аз намуди волейбол миёни занон, инчунин 12 даста аз намуди тенниси рӯиимизӣ дархостҳои худро пешниҳод кардаанд.

Тибқи нақша ва ҷадвали тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи варзиш дар назар аст мусобиқаҳои варзишии мазкур аз санаи 04.01.2021 шуруъ шавад. Лозим ба зикр аст, ки ташкили баргузории ин чорабиниҳои варзишӣ қиёсаш ба солҳои қаблӣ дар он аст, ки ин навбат чорабиниҳо 2 марҳиларо дар бар гирифта, ҳар марҳила 6 моҳ тӯл мекашад. Яъне тибқи барномаи тарҳрезинамуда тамоми сол кормандони вазорату идораҳо ба оммаваигардонии варзиш машғул ҷалб мешаванд. Ин стратегия алббата аввалан барои иттиҳоду сарҷамъии кормандони вазорату мақомотҳои амалкунандаи кишвар ва инчунин баҳри солимии миллат саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати фарҳанг дар мусобиқаи мазкур аз ҳамаи намудҳои бозиҳои пешниҳодшуда иштирок менамояд. Вазорат аллакай дастаҳои мунтахаби худро омода намуда, аъзоёни дастаҳо аз муойинаи тиббӣ гузаронида шуданд. Лозим ба зикр аст, ки имсол аз Вазорати фарҳанг дастаҳои занона низ фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Абдусаломов М.М.
раиси ҷавонон ва варзиши вазорати фарҳанг