Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 07:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ – РАҲНАМОИ УФУҚҲОИ НАВИ РУШДУ СОЗАНДАГӢ

     Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки таҳлили маҷмӯии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатро дарбар мегирад, роҳи рушди давлату миллати моро барои оянда мушаххас ва муайян намуда, уфуқҳои тозаи созандагиро пеши рӯи мо намоён месозадва вазифаву масъулиятҳои муҳими давлатӣ, фардӣ ва иҷтимоиро барои мо таъйин мекунад.

    Ироаи Паёми Сарвари давлат имсол барои мардуми мо беш аз ҳарвақта аз аҳаммияти хосе бархурдор мебошад. Зеро мо дар остонаи таҷлили ҷашни бошкӯҳ ва муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ин санаи фархунда бомаром идома дорад. Тавре Пешвои муаззами миллат дар оғози ироаи Паём зикр карданд, соли гузашта дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин рақам баёнгари он аст, ки рушди илму фарҳанг ва таъмини саломатии ҷомеаомили аслии таҳкими истиқлолва ҳадафи роҳбарияти олии давлат мебошад.

     Рӯйдодҳои дигари муҳиму хотирмони соли гузашта, ки дар Паёми Президенти мамлакат махсусан таъкид шуд, ин ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ мебошад, ки дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил гардиданд. Мавриди зикр аст, ки авлавият додан ба рушди соҳаи фарҳанг дар заминаи бузургдошти осори гаронбаҳои таърихӣ ва нобиғаҳои илму фарҳанг дар сатҳи сиёсати давлатӣ яке аз тадбирҳои муҳимест, ки Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ пайваста амалӣ менамоянд ва ин нукта ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дарҷ мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти ин масъала, Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид доштанд, ки “танҳо таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад”.

     Маҳз ҳамин арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он дар асри ҳозир, дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, ки аз тарафе тақозои замони нав арзёбӣ мешаваду аз сӯи дигар таҳоҷуми мафкуравӣ ва фарҳангиест, ки ҳастии маънавии миллатҳоро таҳдид мекунад, метавонад дар амри худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлол омили ҳалкунанда бошад. Бо дарки амиқи ҳамин ҷанбаи масъала Сарвари давлат иқдом ба бознашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ба ҳар хонадон расонидани ин асари гаронбаҳо намуданд. Аз ин лиҳоз, масъулияти азими рисолати насли даврони истиқлол дар Паёми Пешво ин гунамушаххас шуд: “Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад”.

     Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем. Ба хотири вусъат бахшдан ба ин раванди таърихӣ вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадор гардиданд, ки “ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо саривақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд”.

     Қобили зикр аст, ки раванди ба ҷойгоҳи баланд расонидани мақоми илму фарҳанг ва дар ин замина таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бинобар ин, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳайё кардани тамоми шароити зарурӣ ва дар ин раванд боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон аз ҷониби Сарвари давлат ба таври махсус таъкид гардид. Бо дарназардошти ин авлавият сол то сол дар мамлакати мо иқдомоти нав амалӣ ва уфуқҳои тоза боз мегарданд. Дар қатори озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки баргузории онҳо дар байни наврасону ҷавонони кишвар истеъдодҳои нодирро кашф ва муаррифӣ намуданд, Сарвари давлат зарур донистанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни дигари ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шавад. Агар озмунҳои қаблӣ фарогири илмҳои гуманитарӣ бошанд, озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» барои дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар бахши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузорад. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шуда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад.

     Зимни ироаи Паём мо шоҳиди ғамхории дигари падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем. Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Тавре Ҷаноби Олӣ худашон изҳор доштанд, “ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.

     Дар радифи рушди илму фарҳанг ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа додани мо дар Паёми имсолаи Сарвари давлат инъикос гардид. Чуноне ки Президенти кишвар зикр намуданд: “забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад”, -вазифагузорӣ карданд Пешвои миллат.

     Президенти мо, ки худ аз миёни мардум бархостаанд ва бо мушкилоту ранҷҳои мардум ошноии наздик доранд, беш аз ҳар каси дигар ҳолати мардумро дарк мекунанд ва дар паҳлуи мардум буданро рисолати аслии роҳбарии худ медонанд. Бинобар ин, аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ – содиқона хизмат кардан ба халқи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ буданровазифаи асосии ҳар як масъули давлатӣ донистанд.

     Дар Паём ба ташаббускориву ташкилотчигӣ ва саҳми бевоситаи ҳар як шаҳрванди мамлакат дар ободии мулки аҷдодӣ диққати махсус дода шуд. Сарвари давлат ба нерӯи созандаи тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комили хешро иброз намуда, изҳор доштанд, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

     Итминони комил дорем, ки дар партави сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва сулҳу салоҳ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ бо саъю талош ва кӯшишу ғайрат ва заҳмати фидокорона саҳми сазовори хешро мегузорем.

Зулфия Давлатзода
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ – РАҲНАМОИ УФУҚҲОИ НАВИ РУШДУ СОЗАНДАГӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки таҳлили маҷмӯии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатро дарбар мегирад,роҳи рушди давлату миллати моро барои оянда мушаххас ва муайян намуда, уфуқҳои тозаи созандагиро пеши рӯи мо намоён месозадва вазифаву масъулиятҳои муҳими давлатӣ, фардӣ ва иҷтимоиро барои мо таъйин мекунад.

Ироаи Паёми Сарвари давлат имсол барои мардуми мо беш аз ҳарвақта аз аҳаммияти хосе бархурдор мебошад. Зеро мо дар остонаи таҷлили ҷашни бошкӯҳ ва муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ин санаи фархунда бомаром идома дорад. Тавре Пешвои муаззами миллат дар оғози ироаи Паём зикр карданд, соли гузашта дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин рақам баёнгари он аст, ки рушди илму фарҳанг ва таъмини саломатии ҷомеаомили аслии таҳкими истиқлолва ҳадафи роҳбарияти олии давлат мебошад.

Рӯйдодҳои дигари муҳиму хотирмони соли гузашта, ки дар Паёми Президенти мамлакат махсусан таъкид шуд, ин ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ мебошад, ки дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил гардиданд. Мавриди зикр аст, ки авлавият додан ба рушди соҳаи фарҳанг дар заминаи бузургдошти осори гаронбаҳои таърихӣ ва нобиғаҳои илму фарҳанг дар сатҳи сиёсати давлатӣ яке аз тадбирҳои муҳимест, ки Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ пайваста амалӣ менамоянд ва ин нукта ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дарҷ мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти ин масъала, Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид доштанд, ки “танҳо таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад”.

Маҳз ҳамин арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он дар асри ҳозир, дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, ки аз тарафе тақозои замони нав арзёбӣ мешаваду аз сӯи дигар таҳоҷуми мафкуравӣ ва фарҳангиест, ки ҳастии маънавии миллатҳоро таҳдид мекунад, метавонад дар амри худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлол омили ҳалкунанда бошад. Бо дарки амиқи ҳамин ҷанбаи масъала Сарвари давлат иқдом ба бознашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ба ҳар хонадон расонидани ин асари гаронбаҳо намуданд. Аз ин лиҳоз, масъулияти азими рисолати насли даврони истиқлол дар Паёми Пешво ин гунамушаххас шуд: “Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад”.

Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем. Ба хотири вусъат бахшдан ба ин раванди таърихӣ вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадор гардиданд, ки “ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо саривақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд”.

Қобили зикр аст, ки раванди ба ҷойгоҳи баланд расонидани мақоми илму фарҳанг ва дар ин замина таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бинобар ин, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳайё кардани тамоми шароити зарурӣ ва дар ин раванд боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон аз ҷониби Сарвари давлат ба таври махсус таъкид гардид. Бо дарназардошти ин авлавият сол то сол дар мамлакати моиқдомоти нав амалӣ ва уфуқҳои тоза боз мегарданд. Дар қатори озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки баргузории онҳо дар байни наврасону ҷавонони кишвар истеъдодҳои нодирро кашф ва муаррифӣ намуданд, Сарвари давлат зарур донистанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни дигари ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шавад. Агар озмунҳои қаблӣ фарогири илмҳои гуманитарӣ бошанд, озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» барои дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар бахши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузорад. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шуда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад.