Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 07:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Душанбе ҷашни Сада хеле шукӯҳманд таҷлил гардид

31 январи соли 2021 дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироат, олоти кории деҳқонон, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  таҷлил карда шуд.

Мухбири АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ аз ин ҷашнгоҳ хабар медиҳад, ки фазои боғ идона буда, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ,  тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатӣ,  инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  иброз намуд, ки «Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад. Аз замин, ки  ризқрасони марди деҳқон аст, бӯи хоки мушкбез ба димоғ мерасад. Дар замони гузашта ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ ва талу теппаҳо бо иштироки тамоми мардум гузаронида мешудааст, ки аз якдилию муттаҳидии аҷдодони мо дарак медиҳад».

Ҷашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.

Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Бо ин умед марди деҳқон каландашро ба замин мезанад, то баҳори имсола низ сабаби рӯсурхии ӯ гардад. Деҳқонон дар айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ даст­рас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи растанию наботот аз касалиҳо ва ғайра амалӣ мегардонанд.

Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда буд. Дар дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ  бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.

Ба гуфти иштирокчиён, ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, ширрӯған, умоч, далда, кашк дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарманд. Ҳамзамон хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо- себ, тарбузу ангур оро доданд.

Азбаски Сада ҷашни кишоварзон мебошад, иди касбии  олимони соҳа низ ба шумор меравад. Кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани иди мазкур,   рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амния­ти озуқавории мамлакат ба кишоварзон тавсияномаҳо пешниҳод намуданд. Дар ин рӯз аз ҷониби олимони кишоварзӣ 5 навъи зироати кишоварзӣ, 2 навъи пахта, 1 навъи гандум, 2 ­навъи ҷуворимаккаи офаридаи олимони Академия, ки минтақабоб шудаанд, пешниҳод гардиданд.

Бори аввал дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада дар радифи намоиши ниҳолу, зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гушаи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳоди иштирокорони тантанаҳои идона гардид.

Дар ҷашнгоҳ дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бори аввал намоиши мастер класҳои ҳунармандӣ, рӯнамои сайёҳии кишоварзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ,  малакаи сайёҳӣ, викторина барои тамошобинон, намоиши автомобилҳои сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, велосипедҳо, имкониятҳои сайёҳии куҳнавардию лижатозӣ ва кемпинги сайёҳӣ аз хаймаҳо пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида шуда, маводҳои иттилоотии сайёҳӣ, бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи  ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудааст.

Тавре соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ иброз доштанд: «Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадимӣ ба ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст».

Ҳамчунин дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор гардид, ки мардум бо нархи дастрас аз онҳо харидорӣ намуданд.

Сипас аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони фаъол Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар канори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба эҳёи ҷашни Сада чун ҷашни пайванди инсон ва табиат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Дар Паёми Пешвои миллат (26 декабри соли 2018) чунин омадааст: «Дар даврони истиқлоли давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд».

Шоири маҳбубу хушбаён, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ дар шеъри «Ҷашни Сада» ин идро ба сӯи Наврӯз раҳкушоянда номида, хеле зебо ва дилнишин мегӯяд:

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз