Сомонаи пешина | Пш, 04 Март 2021 / 07:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Паём-номаи ҳидоят

Паём ҳидоятномаест, ки ибтидои ҳар сол ба мардуми некиқболи Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ироа мешавад.

Паёми соли нави 2021, ки соли таърихӣ ва таҷлил аз 30 солагии истиқлолияти давлатист, 26 январ дар толори бузурги «Кохи Сомон»-и бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар Паёми навбатӣ ки аз Паёмҳои гузашта бо зикри бештари дастовардҳо, ташаббусҳо ва баланд рафтани сатҳи зисту зиндагонии мардум, новобаста аз давраи мушкили эпидемиологии Ковид 19 ва таъсири ногузири он ба пешрафти ҳамаи соҳот фарқ мекард, самтҳои рушдииқтисоду саноат, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ҳифзи ҳуқуқ, саноати маъдан,барқ ва роҳу нақлиёт дар доираи таҳлилу масъалакушоӣ қарор дода шуданд.

Дар Паём Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд, ки дар дохили кишвар ба маблағи 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол ёфтааст ва ин далел бозгӯи он аст, ки мо марҳила ба марҳила ба саноаткунонии кишвар, ки аз «ҳадафи чаҳоруми миллӣ» маҳсуб меёбад, наздик мешавем.

Гуфта шуд, ки соҳаи тандурустӣ соли вазнину пурмашаққатро дар соли паҳншавии каронавирус аз сар гузаронид ва вобаста ба мубориза ва пешгирии он дар кишвар беш аз 30 беморхонаҳои муваққатӣ бо 7000 кат бунёд ёфтанд ва 5400 табибону кормандони тиббӣ бар кор сафарбар карда шуданд. Барои дастгирии онҳо аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ гузаронида шуд.

Дар Паём зикр ёфт, ки соли сипаришуда тадриҷан афзоиш ёфтани иқтисодиёти кишвар, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, озуқа, кишоварзӣ, маҳсулоти дохилӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба баланд рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум ва пур шудани бозорҳо бо маҳсулоти ватанӣ сабаб гардид. Ва яке аз омилҳои рушди иқтисоди ҳар кишвар ҳам он аст, ки аввал ба истеҳсоли худӣ бояд такя дошта бошад.

Пешвои миллат дар Паёми худ бо эҳтироми бузург ва муҳаббат ба мардуми Тоҷикистон иброз намуданд, ки соли 2020соли рӯйдодҳои муҳими сиёсиву таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Соле, ки халқи фарҳангсолори тоҷик нахуст дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Соле, ки ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ дар асоси Қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил ёфт.

Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар Паём оварда шуд, густариши раванди рақамикунонӣмебошад, ки барои як ҷомеаи рӯ ба рушд муҳим арзёбӣ мешавад. Ва аз роҳбарони кумитаву вазоратҳои дахлдор талаб карда шуд, ки барои ба амал татбиқ намудани низоми электрониву рақамӣ тамоми имконоти худро истифода баранд.

Даст ёфтан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - берун омадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба меъёри ҷаҳонӣ баробар шудани сифати роҳҳо, ки дар байни 141 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар ҷои 50-ум қарор гирифтааст, аз дастовардҳои пурифтихори истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Таҳлили умумии рушди иқтисоди кишвар, соҳоти хоҷагии халқ, илму фарҳанг, тандурустиву маориф, гиреҳкушоии масъалаҳои мавҷудбуда аз Паём то Паём Тоҷикистонро ба як кишвари тараққикарда, ҳамқадаму ҳамвазн бо ҷомеаи ҷаҳон гардонидааст, ки дар Паёми Пешвои миллат равшан инъикос ёфтааст.

Натиҷаи заҳматҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки «Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардидааст».

Бо натиҷагирӣ аз эъломи озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад ва дар он ҳар чи бештар наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҷалб карда шаванд.

Қобили ёдоварист, ки дар Паёми соли 2020 Президенти кишвар ба Маҷлиси олӣ солҳои 2020 – 2040-ро «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» элон карда буданд ва аз вазоратҳое, ки дар тобеи худ муассисаҳои таълимӣ доранд талаб карда шуд, ки дар татбиқи ин ташаббус ҷораандешӣ кунанд ва то соли 2025 аз натиҷаи корҳои созмонёфта ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ гузориш пешниҳод намоянд.

Мусаллам аст, ки ҳадаф аз ин ҳама ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи насли созанда, бафазлу дониш, худшиносу огоҳ ва ватанпарвар аст, насле, ки дар тамоми фунун чун ниёгони хеш Синову Берунӣ, Хайёму Қайси Розӣ аламбардор бошад ва ба обрӯи миллат афзуда, ҳастии онро пойдор созанд.

Имрӯз 285 ҳазор ҷавонони тоҷик дар соҳоти гуногун дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, илова бар ин таъсиси стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», ки пайваста ба толибилмони болаёқат дода мешавад,далели гуфтаҳои фавқуззикр мебошад. Инчунин аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд кардани стипендияи донишҷӯён, магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз иқдомҳои навбатии маорифпарваронаи Сарвари давлат дониста мешавад.

Яке аз фараҳбахштарин маълумот, ки дар Паём шунида шуд ба поён расидани паҳншавии бемории ҳамагири Ковид 19 аст, ки аз моҳи январ инҷониб ягон бемор ба қайд гирифта нашудааст. Аммо Президенти кишвар ба бепарвоӣ роҳ надодан ва ба саломатии худ ҷиддӣ муносибат карданро тақозо намуданд.

Мавзӯи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа, ки аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар Паём баррасӣ гардид ва аз афзоиши шумора ва саҳми эшон дар соҳаҳои илму маориф, тандурустиву сиёсат, кишоварзиву хизмати давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда сухан ба миён омад.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки: «Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд».

Илова бар ин гуфта шуд, ки: «Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣқариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба падидаҳои номатлуб ва хатари терроризму экстремизм, ифротгароӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои мамнӯъ изҳори ақида намуда, таъкид карданд, ки барои ҳимояи марзу бум, ҳифзи суботу оромӣ ҳар як фарди ватанпарвар бояд ҳушёр ва дар ин равандбакорҳои фаҳмондадиҳӣ саҳмгузор бошад. Зеро бе суботу оромӣ ягон ҷомеаи ҷаҳон рушд намеёбад ва номи худро ба нестӣ рақам мезанад.

Рӯзафзун намояндагони ин гурӯҳу равияҳо дар тамоми ҷаҳон мекӯшанд ҷавононро таҳти таъсири худ қарор бидиҳанд ва амали нопоки худро дар ҷомеаи ҷаҳон ба роҳ монда, вазъи кишварҳоро ноором ва фарҳангу мазҳаби худро ба иҷбор ба сари халқҳо бор созанд. Бинбар ин ҳар фарди ватандӯсти ҷомеа, Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқрозарур аст, ки барои амнияти кишвар, якпорчагии марзу бум ва ваҳдати миллӣ тамоми чораҳоро дар ҳамбастагӣ биандешанд. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу бум, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣбаҳисоб меравад.

Чи тавре ки дар Паём оварда шуд, боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо 178 мамлакати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Дар баробари ин, дар шароити мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ҳимояи ганҷи бебаҳои истиқлолу озодӣ кори осон нест ва аз мо нангу номуси ватандорӣ, меҳнату фидокорӣ, иттиҳоду ҳусни тафоҳум, эҳтироми боварҳои ҳамдигарро талаб мекунад.

Тоҷикистон, инак, дар остонаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Ҳақиқати талхе дар солҳои аввали Истиқлолият ба ёд меояд, ки агараз касе амали дур аз ахлоқу одоб зоҳир мешуд, мегуфтанд: «тоҷик аст, тоҷикияшро мекунад» ва ё рафтори ноҷое ба мушоҳида расид мегуфтанд: «тоҷикӣ накун!». Ба дараҷае ин ибора маъмул шуда буд, ки дар ҳар қадам, ба ҷову бе ҷо мавриди истифода қарор мегирифт. Ба ҳарфе «мӯд» шуда буд. Оре, тоҷик тоҷикро мегуфт, ки «тоҷикӣ» накун! Ин аз он далолат мекард, ки ҳисси худшиносии миллӣ ба хок баробар шуда буд! Вожаи «тоҷик» дигар мафҳуми шахсеро дошт, ки аблаҳ, ноӯхдабаро, бесавод, ва нодон аст, касе, ки қобилияти кору амали шоистае карданро надорад. Агар аввалин иқдоми Сарвари давлат дар бедор сохтани ҳисси милливу худшиносӣ, ватанпарвариву номуси ватандорӣ бардошта намешуд, номи тоҷик чун «чукча» дар танзу мазохҳои мардуми олам ҷой мегирифт ва худи мо онро ҷой медодем! Бигзор ин гуфтаҳо боиси норизоии бархе гардад, аммо ҳақиқат ин аст, ки гуфтем. Истиқлолият обрӯи кӯҳ-кӯҳ рафтаи миллатро мӯ-мӯ ҷамъ овард, собит сохт, ки тоҷик мафҳуми шаҳрнишину тамаддунофарин дорад! Фарзандҳои банангу номус ва ватандор дорад! Ва бунёдкору созанда аст! Пешвои миллат дар ҳар баромаду мулоқоти хеш дар имтидоди сӣ соли Истиқлолият таъкиду талқин мекарданд ва мекунанд, ки худро шиносед, шумо ворисони абармардоне ҳастед, ки назирашон дар олам каманд ва аз фарҳангу тамаддуни ниёгони шумо бархе миллату давлат сохтаанд!

Ҳамин нукта кифоят аст, ки баҳои Истиқлолияти давлатӣ, рушду нумӯи кишвар ва амну суботи ҷомеаро дарк кунем ва онро чун бақои ҳастии миллат ба қиммати ҷон ҳифз намоем!

Аз ҷаҳду талош ва иқдомҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз Саразми бостонӣ ба феҳристи мероси фарҳангии Юнеско шомил гардид ва тоҷикон дар ҷаҳон чун миллати шаҳрсозу тамаддунофар ва дорои фарҳангу таърихи беш аз шашҳазорсола, меросбарони Наврӯзу Сада, Тиргону Меҳргон шинохта шуданд. Ва заминаҳое, ки имрӯз бо иқдому ташаббус, заҳматҳои рӯзафзун, хираду фазилатҳои Пешвои миллат дар тараққиёти Тоҷикистони навину соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёду демократӣ гузошта мешаванд, барои бақои ҳастии ин миллати куҳанбунёд беназир аст!

Ноҳиди Фозил
Сармуҳаррири маҷаллаи “Фирӯза”