Сомонаи пешина | Пш, 18 Июл 2019 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷавонон ба таърихи маданияти мусиқӣ таваҷҷуҳ доранд

20 январи соли 2018 дар Осорхонаи Ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ вохӯрӣ бо аъзоёни маҳфили мусоҳибавии “Nеw Generation Debate Club” баргузор гардид.

Мақсади баргузории мулоқот огоҳӣ ёфтан аз таърихи тараққиёти маданияти мусиқии муосири тоҷик буда, зимни чорабинӣ муҳтавои мавзӯъҳои муҳими ҷаҳони мусиқӣ ва мусиқии муосири тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Суҳбат атрофи жанрҳои мусиқӣ, хусусан опера, балет, кантата ва симфония хеле шавқовар сурат гирифт.

Дар маҳфил инчунин хизмати арзандаи як қатор мусиқишиносони барҷаста, аз қабили Отаҷалол, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон, Усто Шодӣ, Домулло Ҳалим Ибодов ва дигарон дар инкишофи мусиқии касбӣ ва мусиқишиносӣ қайд гардида, аз комёбиҳои бузурги эҷодии композиторони тоҷик З.Шаҳидӣ, Ф.Солиев, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов ва дигарон ёдоварӣ карда шуд.