Сомонаи пешина | Сш, 17 Сентябр 2019 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар ноҳияи Ҷ. Расулов ансамбли нави фолклорӣ таъсис ёфт

 

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар назди Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ансамбли нави фолклорӣ-этнографӣ таъсис дода шуд.
Ҳадаф аз таъсиси ансамбли нав бо 14 воҳиди корӣ таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, ҷалби истеъдодҳои ҷавони лаёқатманд мебошад.
Роҳбарияти бахши фарҳанги ноҳия ният доранд, ки аввалин барномаи консертии ансамбли навтаъсисро дар арафаи Иди модарон ё ҷашни Наврӯз баргузор намоянд.
Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки шабеҳи Қасри фарҳанги таърихии Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, бо ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар соли 2015 тантанавор барои хизмати фарҳангӣ расонидан пешниҳоди мардуми диёр ва аҳли фарҳанг гардида буд.
Тӯли ду соли охир бо кӯшишу ғайратҳои роҳбарияти бахши фарҳанг дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ансамбли Шашмақомсароён таҳти унвони «Нури ниёгон», ансамбли рақсии «Таманно», Осорхонаи таърихии кишваршиносии ноҳиявӣ, маркази сабти овоз ба фаъолият шуруъ намуданд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»давоми соли 2018 бо баргузор намудани семинари омузишӣ таҷрибаи пешқадами бахши фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расуловро тарғибу ташвиқ намояд.