Сомонаи пешина | Шб, 06 Март 2021 / 15:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи ҳисоботии Ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и ҲХДТ

14 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии Ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он мудири шуъбаи КИМ ҲХДТ Абдураҳимова Дилбар, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷӯрабек, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор ва аъзои ташкилот иштирок карданд.

Ҷаласаро муовини вазири фарҳанг, узви раёсати ташкилот Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома вобаста ба фаъолияти ташкилот дар соли 2020 ҳисоботи муовини раиси ташкилот Орифӣ Озар Баҳромзода шунида шуд.

Сипас, тибқи бандҳои дигари рӯзнома нақшаҳои корӣ, чорабиниҳо ва соатҳои сиёсии ташкилот барои соли 2021 тасдиқ карда шуданд.

Дар охир аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур як қатор фаъолони ҳизб бо Сипоснома қадршиносӣ гардиданд.