Сомонаи пешина | Шб, 06 Март 2021 / 15:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи ситоди корӣ оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 январи соли 2021 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди кории Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо роҳбарони сохторҳои Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи копмозиторони Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои ҳунарӣ бобати омодагӣ ва дар сатҳи шоиста ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар ҷаласа Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинзода ширкат намуданд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардида, аз ҷониби А.Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди нерӯи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави бахши оҳангсозӣ ва иҷрокунандагӣ, рушди санъати мусиқии касбии миллӣ, эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули фарҳанги мусиқии муосири тоҷик вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.