Сомонаи пешина | Яш, 20 Октябр 2019 | 09:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шаҳри Норак. Паёми Пешвои миллат барои фаъолияти минбаъда неруву илҳом мебахшад

 

Чанде қабл дар доираи Нақша - чорабиниҳои тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон сафар намуданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ, ки ба он намояндагони сохторҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ шомил буданд, бо раиси шаҳри Норак вохӯрда, дар ҷаласаи ҳисоботии солонаи шаҳр иштирок карданд.

Дар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар масьалаҳои ҷамъбастии фаъолияти сохторҳо ҷараёни иҷрои Паёми Пешвои миллат оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳ ва таъмини зиндагии сазовору шоистаи шаҳрвандон, муносибатҳои некбинона ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ҳимояти якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон ва дигар самтҳои муҳтавои Паёми Пешвои муаззам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Баъдан дар толорҳои маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии шаҳр, Неругоҳи барқи обии Норак, Неругоҳи барқи обии Бойғозӣ, чамоатҳои деҳоти Пули сангин, Дӯконӣ ва минтақаҳои манзилии 1, 2, 3 ва 4 - и шаҳр бо иштироки зиёди кормандони сохторҳои зикргардида ва сокинони шаҳр баҳри баррасии нуктаҳои асосии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо доир гардиданд.

Сокинони шаҳри Норак нутқи баромадкунанкунандагонро бо шавқу мароқ гӯш карда, муҳтавои Паём - суханони самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳониро ҳамчун ормонҳои деринаи мардуми шарифи тоҷик ва барномаи фаъолият қаноатмандона қабул намуданд. Дар ҷараёни мулоқот шаҳрвандони Норакшаҳр изҳори ақида карданд, ки ин ҳуҷҷати расмӣ ва муҳим чун муваффақияту комёбиҳои назарраси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи имрӯз ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.