Сомонаи пешина | Яш, 24 Январ 2021 / 14:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии “Рассомони наврас” муайян гардиданд

12 январи соли 2021 дар толори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов, озмуни истеъдодҳои навраси мактабҳои рассомии бачагона ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Рассоми наврас” ҷамъбаст гардид. Дар фестивали мазкур, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Обид Назариён, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорати фарҳанг Музаффар Темурзода, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонов, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва рассомони наврас иштирок доштанд.

Дар саҳни коллеҷ рассомони навраси мактабҳои бачагонаи рассомӣ ва муассисаҳои таълимии вазорати фарҳанг, аз ҷумла мактаби бачагонаи санъати ба номи М.Аминзода, мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ба номи М.Атоев, мактаби рассомии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов, маркази бачагонаи рассомии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Ваҳдат, мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Ҳисор, мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб, мактаби бачагонаи рассомии ноҳияи Шаҳринав маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, дар мавзӯи фестивал асарҳои тасвирӣ офариданд. 

Дар ибтидо муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён суханронӣ карда, оид ба ҳадафи баргузории фестивал ва ҷараёни он табодули афкор кард.

Сипас, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорати фарҳанг Музаффар Темурзода ғолибон ва дипломантҳои фестивали ҷумҳуриявии “Рассомони наврас” дар соли 2020 номбар кард.

Дар натиҷа, ғолибон бо диплому мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Юсуфова Умедахон, Назарова Насима ва Ҳасанова Сабрина соҳиби ҷойи аввал, Абдусаидзода Ёсамин, Шоинбекова Анахита ва Ҷамшедзода Меҳрона ҷойи дуюм, Тағоев Сарвар, Манижаи Махсудинзода ва Ҷолаков Муртазо ҷойи сеюмро ишғол карданд. Ҳамчунин, 31 нафар иштирокчиёни озмун бо Дипломи иштирокчии озмун сарфароз гардиданд.

Боиси зикр аст, ки фестивали ҷумҳуриявии “Рассомони наврас” аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ ва дастгирии истеъдодҳои наврасон дар соҳаи санъати тасвирӣ, инкишоф додани малакаҳои касбӣ ва ҳунарии онҳо ва омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ баргузор гардид.